Рӯзномаи Хатлон » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО КОРҲОИ САҲРОӢ ШИНОС ШУД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО КОРҲОИ САҲРОӢ ШИНОС ШУД



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти «Фархор»-и ноҳияи Фархор бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корам ошно гардид. 

Дар доираи ин боздид раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Дилноза”, ки дар деҳаи Аловуддин фаъолият дорад, дидан кард. Ҳоҷагии “Дилноза” дорои 3,5 гектар замин мебошад, ки бо иқдоми соҳибзамин ба таври самаранок истифода шуда истодааст. Аз ин масоҳат, 50 сотих барои кишти картошка ҷудо гардида, боқимондаи замин барои парвариши полезиҳо ва сабзавот ба таври зери плёнкагӣ истифода мешавад. Ин навъи кишт имконият медиҳад, ки ҳосилнокӣ боло равад ва маҳсулот дар муҳлати кӯтоҳ ба бозор бароварда шавад.

Раиси вилоят зимни боздид аз саҳро ба соҳибони хоҷагӣ ва кишоварзон дастур дод, ки истифодаи оқилонаи заминро ба роҳ монанд ва ба парвариши зироатҳои серҳосилу бозоргир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва обу ҳавои номусоид, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла кишти зери плёнкагӣ ва обёрии қатрагӣ бояд вусъат ёбад.

Дар гӯшаи дигари заминҳои ин хоҷагӣ боғи мевагиҳо, аз ҷумла себ, зардолу ва дигар навъҳои дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд. Парвариши ниҳолҳои босифат ва нигоҳубини саривақтии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин хоҷагӣ ба шумор меравад, ки метавонад дар оянда ҳам дар таъмини бозори дохилӣ бо мева нақши муҳим бозад, ҳам содироти маҳсулоти боғдориро низ афзоиш диҳад. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода