Аз дафтари хотироти аскарӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: ---, Боздид 30ИФТИХОРМАНДӢ ДАРЁБЕМ!
Борон меборид. Сару рухсора-амонро шуста, аз гӯшаи болопӯш
ба замин мерехт ва ба дарёи
Панҷ ҷорӣ мешуд. Ҳарчанд зи-мистон ба анҷом расида бошад
ҳам, ҳамоно ҳаво сард буд. Ману
рафиқони ҳамхизматам дар тан
либоси низомӣ масъулияти ҳифзи
ватанро бар дӯш доштем. Масъу-лияти муқаддасу ифтихоровар, ки
боду борон, шамолу тӯфон, гармо-ву сардиро намешиносад, балки
ҳушёриву зиракии бештарро талаб
мекунад.
Маро дӯсти вафодору боҳуше
буд - Бена. Дар тамоми давраи
хизмати аскарӣ, яъне аз Душанбе то Боми ҷаҳон бо ҳам будем. Дар ин рӯз ҳам Бена бо ману дигар ҳайати наряд муҳофизи Ватан буд.
Ӯ беқарорӣ мекард, беист аккос мезад. Зоҳиран моро аз хатаре огоҳ карданӣ буд. Дар ҳамин ҳолат аз тариқи алоқа (ратсия) ба мо рамзи хатар дода шуд...
Алоқачии мо сарбози чолок буд. Хабар дод, ки нақлиёти гумонбарон намоён шуда, бо суръати баланд ба тарафи мо меояд.
Сарвари наряд фармон дод, ки бо мақсади паст кардани эҳтимолияти талафот чора андешем. Фурсатамон хеле кам буд. Чунки гумонбарон аллакай ба мо наздик шуда истода буданд. Мо чобукона дар як борикӣ бо сангҳо то қадри имкон роҳро бастем. Мавқеъҳои ҷангиро ишғол карда, дар ҳолати омодабошӣ қарор гирифтем. Садои мошин ба гӯш расид. «Чанд сония то амалиёт»,- дод зад сарвари наряд. Лаҳзаи ҳассосе буд.
Гумонбарон расиданд. Роҳро баста дида, аз канори мушкилгузари он фирор карданӣ шуданд. Вале дар рӯбарӯи худ сипарони ватанро бо яроқҳои ба тарафашон нигаронидашуда дида, беҳаракат монданд.
Дақиқае пас онҳоро таслими гурӯҳи махсуси зиддиҷиноӣ гардондем. Аз онҳо тақрибан 7 кг ма-води мухаддири сахттаъсир мусо-дира гардид.
...Хизмати ҳарбӣ чунин лаҳзаҳои ифтихоровар дорад. Пас, ҳар як ҷавон бояд қарзи фарзандии худро дар назди Ватан адо
намуда, ифтихормандӣ дарёбад.
РАМЗИ ОСУДАГИИ
КИШВАР...
Муддате буд, ки чизе
нанавишта будам... Аз
замоне, ки дар хизмати
Ватан-Модар қарор до-рам, ҳоло бо худ ифтихор
кардам. Ҳар рӯз, вақте ки
мо - сарбозон зери Парча-ми кишвар саф мекашем,
онро пурҷилову парафшон
мебинам.
Ростӣ, имрӯз чашмо-нам бо ашки ифтихор (чу-нин номаш гузоштам) пур
шуданд. Ҳисси фараҳбахш
ва ифтихоровар аст, ки
ман ҳам дар парафшонии ин
муқаддасоти миллӣ ва пойдории
амнияти кишвар саҳм гузошта ис-тодаам.
Шукр мегӯям, ки имкон дорам Ватанам, Модарам ва наздиконамро муҳофизат намоям. Парпа-рафшонии Парчаме, ки дар наз-ди дидбонгоҳамон қарор дорад, гувоҳам медиҳад, ки Ватанам амн аст, Модарам ва дигар наздиконам дар фазои осудаи кишвар зиндагӣ доранд ва бозгашти маро мунтазиранд...
ДӮСТИ БОВАФОЯМ, БЕНА!
Пас аз рухсатии 10-рӯза ба дидбонгоҳ баргаштам. Аммо Бена - дӯсти бовафоям набуд.
Рафиқони ҳамхизматам хабар доданд, ки Бена ҳоло дар сарҳад аст. Пас аз чанд лаҳза мо низ барои мустаҳкам намудани мавқеъҳои ҷангӣ ба сарҳад баромадем.
Дар роҳ ҳайати наряде, ки Бена онҳоро ҳамроҳӣ мекард, намоён гардиданд. Вақте ки вафодорам садоямро шунид, худро аз дасти сарбоз раҳо карда, тарафам шитофт ва оғӯш гирифт. Ҳамагӣ ҳайратзада шудем.
P.S. Бена дӯстест, ки аз рӯзҳои аввали хизмати аскарӣ то ҳол бо ман аст. Боҳушу бовафост. Ба дӯстӣ хиёнат намекунад!
ДИДОР БО ҲАМХИЗМАТ
Хизмати яксолаи ҳарбиро чанд моҳ пеш адо кардам. Ҳини рухсат шудан, он бегоҳ гаҳе хушҳолу гаҳе ғамгин мешудам. Хушҳол будам, ки ба дидори наздикону пайвандонам мерасам. Ғамам аз он буд, ки аз дӯстону бародарони ҳамхизматам ҷудо мешавам.
Чунин эҳсосро ҳангоми хайрухуш дар чеҳраи ҳамхизматонам, ки як соли дигар дар хизмати Модар-Ватан буданд, низ медидам...
Чӣ хуш буд, ки дирӯз ба дидорбинии бародарони ҳамхизматам рафтам. Лаҳзае чанд суҳбат кар-даву хотироти даврони аскариро ба ёд овардем.
Далер ИБОДУЛЛОЗОДА,
сарбози Қӯшунҳои сарҳадии
КДАМ ҶТ (2022-2023)
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Гузоштани санги асос ба марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Сипар Групп дар ноҳияи Данғара
-
Пешвои миллат-роҳнамои миллат