Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ШӮРШАВИИ ЗАМИНҲО. Ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда нигаронкунанда аст


ШӮРШАВИИ ЗАМИНҲО. Ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда нигаронкунанда аст



Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ буда, беш аз 50 % истеҳсолоти гуногуни кишоварзӣ ба ин минтақа рост меояд. Хатлон дорои захираҳои бойи табиии гидротермикию хокист, ки дар ин ҷо қариб ҳамаи зироатҳои гармидӯст, аз ҷумла пахта, ғалладонагиҳо, сабзавот, зироатҳои полезӣ ва меваҳои субтропикӣ парвариш карда, ҳосили хеле баланд дода метавонанд.

Асосан водии Вахш аз ҷиҳати имкониятҳои табииаш водии аз ҳама ҳосилхези ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумотҳои бисёрсолаи боду ҳавосанҷии ҷумҳурӣ суммаи ҳарорати аз +10 0С баланд дар давоми вегетатсия аз 4900 то 5500 0С ва суммаи ҳарорати солонаи мусбӣ аз 5650 то 6500 0С-ро ташкил медиҳад ва талаботи зироатҳои дар боло зикр шуда аз гармӣ, хусусан пахтаи маҳиннах, танҳо дар ин водӣ қонеъ гардонида мешаванд. Аз ин рӯ, водии Вахш манбаи асосии истеҳсоли навъи пурқимати пахтаи маҳиннах, меваҷоти субтропикӣ ва зироатҳои полизӣ ба шумор меравад.

Хокҳои ин водӣ, қатъи назар аз паст будани ҳосилхезии табииашон, дорои ҳосилхезии хело баланди иқтисодӣ (сунъӣ) мебошанд. Майдонҳои асосии заминҳои корами обёришавандаи водии Вахш дар ҳудуди террасаҳои дуюм, сеюм ва чоруми дарёи Вахш ҷойгир шудаанд ва хоки ин заминҳо асосан аз қабатҳои тавоногиашон гуногуни хобандаҳои ирригатсионӣ ( дар ҳудуди террасаи 2-юм 1-2 м ва дар ҳудуди террасаи 3-юм 4-6 м) ташакул ёфтаанд, ки ин хобандаҳо дар натиҷаи обёрии хело қадимаи водӣ ба вуҷуд омада, ба хоки инҷо хусусиятҳои муътадили физикӣ, физико-механикӣ ва агрокимиёвиро мерос гузоштаанд, ки онҳо дар ибтидои аз худкунии заминҳои ин водӣ муътадил буданд.

Мутаассифона, дар натиҷаи обёрӣ ва фаъолияти истеҳсолии инсон ҳолати мелиоративии ин заминҳо, хусусан дар ҳудуди террасаҳои 2-юм ва 3-юми дарёи Вахш, оҳиста-оҳиста рӯ ба таназзул ниҳода, бад шуданд.

Заминҳои дар ҳудуди террасаҳои 2-юм ва 3-юми дарёи Вахш ҷойгиршуда аз ҷиҳати шароити гидрогеологиашон хавфи имконияти бадшавии ҳолати мелиоративӣ доранд. Бинобар ин, дар натиҷаи ба куллӣ тағйир ёфтани муносибат нисбат ба истифодаи замин ва меъё-ри обмонию шабакаҳои обёрӣ дар давраи баъди солҳои 1990 дар инҷо баландшавӣ бо суръати обҳои зеризаминӣ мушоҳида карда мешаванд, ки дар натиҷаи ин зиёдшавии майдонҳои шӯр ба назар ме-расанд. Мувофиқи маълумотҳо дар ин давра ҳолати мелиоративии заминҳо бад гардидаанд.

Чунончӣ, аз 90944 гектар заминҳои таҳқиқшудаи 6 ноҳияи ин водӣ танҳо 35,5% бенамак ва 42,4% шӯрии паст доранд. Аммо хокҳои шӯр бошанд, зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳанд ва нисбат ба нишондодҳои то соли 1985-ум 12% зиёд шуданд. Хусусан, ноҳияҳои Вахш ва Бохтар (ҳозира Кӯшониён) ташвишоваранд, ки дар ин ҷо заминҳои шӯр ба ҳолати ме-лиоративии ғайриқаноатбахш аз 20 то 40 %-ро ташкил медиҳанд.

Мутаассифона, аз сабаби воқеаҳои маълуми солҳои баъди 90-ум ва буҳрони иқтисодии ҷумҳуриро фаро гирифта корҳои оид ба назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва ахаритагирии онҳо муддати зиёд қатъ гардида, ҳоло дар сатҳи хело паст қарор доранд. Аз ин сабаб ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хусусан водии Вах-шро, ки вазъияташ ташвишовар аст ба таври беғаразона ва ҳаққонӣ баҳо додан аз имкон берун аст.

Сабабҳои бадшавии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ дар солҳои охир ва хусусан заминҳои водии Вахш ва Бешкент маълум буда, асосан пуршавӣ ва аз кор баромадани заҳбуру коллекторҳо дар натиҷаи тоза ва нигоҳубин накардани онҳо, нодуруст ҷой додани зироати шолӣ бо назардошти шароити геоморфологии заминҳо ва вайрон намудани меъёри обмонию иншоотҳои обёрӣ мебошанд. Дар сурати пешгирӣ накардани ин ҳодисаҳо ва бо чунин суръат давом намудани бадшавии ҳолати мелиоративии заминҳо дар муҳлатҳои начандон дури оянда (10-15 сол) аз кор баромадани зиёда аз 50 % заминҳои обёришавандаи ин минтақа аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, барои маълумоти дақиқ оид ба ҳолати воқеии заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ ва махсусан водии Вахш ва водии Бешкент, корҳои ба харитаги-рии хоки ин минтақаро ба таври фаврӣ ва бо суръат ба роҳ мондан зарур аст.

Зеро бе ин маълумотҳо банақшагирии чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани бадшавии ҳолати заминҳо номумкин аст. Барои тасдиқи фикрҳои дар боло овардашуда, натиҷаи корҳои гузаронидашуда барои ноҳияҳои Бохтар ва Вахш бо таври мухтасар, дар поён нишон дода шудаанд.

Ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш дар миёнаи маркази водии Вахш дар баландиҳои 350-600 м, ҷойгир шудаанд. Майдони умумии корҳои таҳқиқоти бояд 46065 гектарро ташкил диҳад, аз ҷумла ноҳияи Кӯшониён 23374 гектар ва Вахш 22691 гектар.

Корҳои таҳқиқоти хокӣ асосан барои иҷроиши чунин корҳо зарур аст.
- таҳқиқӣ дараҷаи шурии қабатҳои хок;
- муайян намудани ҷойгиршавии сатҳи обҳои зеризаминӣ;
- муайян намудани маъданнокӣ (шӯрӣ) обҳои зеризаминӣ;
- таҳлили хок бо усулҳои кимиёвӣ дар шароити лабораторӣ;
- тартиб додани нусхаи муаллифии харитаҳои хок, картограммаҳо;
- шӯрии хок, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва маъданнокии онҳо.

Самти асосии истифодаи заминҳои обёришаванда истеҳсоли пахтаи маҳиннах, ғалладонагӣ, сабзавот, меваю ангур ва ғайраҳо мебошад.

Заминҳои ноҳия дар минтақаи хушк ҷойгир шуда, тобистонаш хеле гарм ва зимистонаш мулоим мебошад. Ба ин минтақа, асосан чунин ҳолатҳо хос аст:

дар фасли тобистон рӯзҳои софу беғубор, ҳавои хушк ва хеле гарм ва фасли зимистон бошад, номуътадил ва мулоим мебошад. Миқдори асосии боришот ба фасли зимистон рост меояд.

Ҷамъи ҳарорати солона аз +10 0С баланд, 4800-52500 С-ро ташкил медиҳад. Ҷамъи ҳарорати соло-наи самаранокӣ аз 2670 0С зиёд мебошад. Давомнокии рӯзҳои ҳарораташ гарм 288 рӯзро ташкил медиҳад. Миқдори умумии боришот дар як сол 294 мм аст.

Миқдори асосии боришот ба фаслҳои зимистону баҳор рост меояд. Дар тобистон ва тирамоҳ боришот қариб, ки мушоҳида карда намешавад.

Заминҳои ноҳия аз шабақаҳои обёрии системаи Вахш бо об таъмин карда мешаванд. Ин система бо аҷҳизотҳои ин-женерии ҳозирзамон чиҳозонида шуда, дорои обгираки пурқуввати кафолатнок мебошад, ки барои гирифтани об аз дарёи Вахш хизмат мекунад.

Шабақаҳои обтаъминкунии байнихоҷагӣ аз каналҳои магистралӣ, об тақсимкунакҳои калон ва иншоотҳои гидротехникӣ иборат мебошанд. Обёрӣ асосан бо усули худҷории рӯизаминӣ ва қисман бо обкашакҳо ба амал бароварда мешавад. Намакнокии обҳои зеризаминӣ асосан ба ҳисоби миёна аз 3 то 10 г/л-ро ташкил медиҳад. Майдонҳои бешӯр хеле кам буда, ба 38,5 %-ро ташкил мекунад. Вале, баръакс, майдонҳои шӯрзамини паст хеле зиёд гардидааст, ки 58,5 %-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи таҳқиқот дида мешавад, ки ҳолати мелиоративии заминҳо вобаста ба сатҳи обҳои зеризаминӣ то чи андоза бад шудаанд.

Майдонҳои сатҳи обҳои зеризаминӣ дар чуқуриҳои хатарнок (аз 1,0 то 2,0 метр) дар соли 1974 ҳамагӣ 7532 гектарро ташкил намуданд. Ин 28,8 %-ро ташкил намуд, аммо дар солҳои 2000-ум бошад, ин нишондиҳанда ба 17364 гектар расид, ки ин 74,6 %-ро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Вахш ва Кӯшониён ҷараёни босуръат шӯршавии заминҳо мушоҳида карда мешавад. Аз ин хулоса бармеояд, ки бо таври таъҷилӣ бояд чунин корҳои мелиоративӣ дар муҳлатҳои кутоҳ гузаронида шаванд:
- тоза намудани заҳбурҳои кушод ва зеризаминӣ;
- обшӯйкунии хок аз шӯрӣ бо усулҳои санҷидашудаи пешқадам;
- риоя намудани қоидаҳои режими обёрии зироатҳои кишоварзӣ;
- кишти зироатҳои сидератсионӣ ва алафӣ;
- кишт намудани зироати шолӣ ва зироатҳои лӯбиёгӣ.

А.С. САНГИНОВ,
номзади илми кишоварзӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода