Гузоштани санги асос ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ Куруши Кабир Индастри дар ноҳияи Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 391
![]()
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳоти Корез барои бунёди коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ Куруши Кабир Индастри санги асос гузошта, бо лоиҳаи бунёди ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори истеҳсолии коргоҳ, ки бо ду хатти истеҳсолӣ дар масоҳати 12 000 метри мураббаъ сохта мешавад, дар як сол 180 000 дару тиреза ва панелҳои алюминиро дар бар хоҳад гирифт.
Ба иттилои масъулин, дар самти амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат, татбиқи марҳила ба марҳилаи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Данғара рӯз то рӯз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда мешавад. Иқдоми мазкур низ дар ҳамин замина рӯи даст гирифта шудааст.
Дар коргоҳи Куруши Кабир Индастри, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Олимӣ Тоҳир мегардад, дар оянда имкон аст, ки 120 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гарданд.
Тибқи нақша оғози фаъолияти истеҳсолии коргоҳи мазкур сентябри соли 2026 пешбинӣ шуда, маҳсулоти он ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод карда хоҳад шуд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорони ватаниро ибратбахш номида, ба онҳо арзи сипос намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...