Дар як сатр
» » Пирӯзии «Хатлон»-у мусовии «Панҷшер»

Пирӯзии «Хатлон»-у мусовии «Панҷшер»

24-04-2018, 13:59

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бозиро дар майдони худ ба муқобили қаҳрамони чандкаратаи кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. «Истиқлол» дар чаҳор бозии қаблиаш бо дастаҳои лигаи олӣ пирӯз омада буд.

Дар даври шашум «Хатлон»-и Бохтар бар дастаи меҳмон - «Барқчӣ»-и Ҳисор - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 64-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд. Зимнан, ин голи чаҳоруми ӯ дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад ва Н.Рустамов дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин дар мақоми аввал аст. Дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 13 имтиёз, «Хуҷанд» бо 10 имтиёз ва ССКА «Помир» бо 9 имтиёз дар се ҷойи аввал қарор доранд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА