Дар як сатр
» » Ифтихори миллати тоҷик

Ифтихори миллати тоҷик

27-06-2017, 16:11

Ифтихори миллати тоҷик

Тоҷикистон ба сулҳи пойдор комёб гардида, имрӯз муаммоҳои аз замони шӯравӣ боқимонда ва масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва истиқлолияти энергетикӣ, паст намудани сатҳи камбизоатию баланд бардоштани шуғли аҳолӣ, инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамчунин раванди пайвастшавии минбаъдаи кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро, ки зиндагӣ пеш мегузорад, ҳаллу фасл менамояд.

Бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сулҳу суботи саросарӣ дар кишварамон фароҳам омад. Маҳз қабули ин санад ба марҳилаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ оғоз бахшид.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад, зеро он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшинос ва умуман сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад ва чунон, ки имрӯз эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

Аз ин рӯ, моҳияти Ваҳдат дар радифи вожаҳои ватан-модар ва сулҳ барои мардуми мо, ки тӯли солҳои тӯлонӣ аз дасти аҷнабиён ҷабру зулми беандоза дидааст, ниҳоят муқаддас мебошад.

Ваҳдат - ин ифодагару инъикосгари мафҳумҳои ягонагӣ ва якпорчагӣ мебошад. Бидуни ваҳдат на танҳо соҳибистиқлолӣ, балки арзишҳои ба худ хоси давлат низ муттасил аз байн мераванд.

Мо-ҷавонони имрӯзаи ватан дар татбики барномаҳои гуногунҷабҳаи сиёсати давлатӣ, дар амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон, баҳри устувории давлатдории демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ фаъолона иштирок карда, дар сафи пеш қадам монда, бо дастоварди бузурги Ваҳдатамон шукргузорӣ менамоем.

Мавлуда ГУЛОВА,
коромӯзи нашрияи «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо