ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тақвияти мубориза бар зидди малах


Тақвияти мубориза бар зидди малах



Имрӯз, 27 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеъҳои хурӯҷи малах дар ноҳияи Кӯшониён боздид намуда, бо рафти корҳои безараргардонӣ аз наздик шинос гардид.

Зимни боздид раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати саривақт амалӣ намудани чорабиниҳо, ҳифзи майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз ҳамлаи малахи марокашӣ, инчунин бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар раванди мубориза бар зидди ин ҳашароти зараррасон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба иттилои мутахассисон, малахи марокашӣ асосан дар минтақаҳои барои коркардҳои кимиёвӣ дастнорас тухм гузошта, баъдан давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва заминҳои кишоварзӣ фаромада, хатари ҷиддӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ эҷод мекунад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараррасон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ситодҳои махсус таъсис дода шудаанд. То имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои мубориза бар зидди малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин гардидаанд.

Ҳамзамон, роҳбари Филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон вазифадор карда шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин харитаи мавзеъҳои хурӯҷи малахро дар ҳар як шаҳру ноҳия таҳия намуда, коркарди техникиро дар ин минтақаҳо ба роҳ монад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмиру омодасозии техника ва захира намудани миқдори кофии заҳрхимикатҳои таъсирбахш тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин ба масъулон дастур дод, ки фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро ҷоннок намуда, барои ташкили муборизаи муназзаму муассир бар зидди малах тамоми имкониятҳоро сафарбар созанд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои саривақтӣ ва ҳамаҷониба роҳандозӣ карда шаванд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода