ҶОМИ РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» НАСИБИ «МДММВФ Ш. БОХТАР» ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 31
![]()
Соли панҷум аст, ки мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» байни кӯдакону наврасони то синни 13-сола баргузор мегардад. Ин мусобиқаи анъанавӣ бо мақсади рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасон ба футбол аз ҷониби идораи рӯзномаи «Хатлон» ташкил ва роҳандозӣ карда мешавад.
Мусобиқа дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 25 май рост меояд, баргузор гардида, ҳамзамон дар партави дастуру супоришҳои раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳандозӣ шудааст. Чорабинӣ сол то сол доираи фарогирии худро васеъ намуда, ба яке аз мусобиқаҳои муҳими варзишии наврасон дар вилоят табдил ёфтааст.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи имсола дар ду минтақа Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид. Дар он 16 даста иштирок намуданд, ки аз ин шумора 8 даста аз минтақаи Бохтар ва 8 даста аз минтақаи Кӯлоб байни ҳам рақобат намуданд. Бозиҳо аз 22 марти соли равон оғоз гардида, дастаҳо дар фазои рақобати ҷиддӣ маҳорати варзишии худро нишон доданд.
Баъди бозиҳои пуршиддат ва давраҳои интихобӣ, чаҳор даста - ду даста аз минтақаи Бохтар ва ду даста аз минтақаи Кӯлоб ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии финалӣ дастаи «МДММВФ»-и шаҳри Бохтар бо дастаи “МДММВФ”-шаҳри Кӯлоб барои дарёфти мақоми аввал ва Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» ба майдон баромаданд.
Бозии ҳалкунанда бо шавқу ҳаяҷони зиёд баргузор гардид. Наврасони ҳарду даста талош карданд маҳорати худро нишон диҳанд. Дар натиҷа дастаи «МДММВФ»-и шаҳри Бохтар бо бозии фаъол ва ҳамлаҳои пайдарпай пешсафиро ба даст гирифта, рақиби худро бо ҳисоби калони 7 - 1 мағлуб намуд. Бо ин ғалаба дастаи «МДММВФ»-и шаҳри Бохтар сазовори мақоми аввал гардида, барандаи Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» дар соли 2026 шуд.
Дар бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюм дастаи “МДМВ” ноҳияи Қубодиён бо дастаи «МДМВ №4»-и шаҳри Кӯлоб рақобат карданд. Ин бозӣ низ хеле ҷолиб сурат гирифт. Дар анҷом дастаи «МДМВ №4»-и Кӯлоб бо ҳисоби 5-1 ғалаба ба даст оварда, соҳиби мақоми сеюми мусобиқа гардид.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, сармуҳарири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Зимни ин чорабинӣ ба ғолибон ва дастаҳои фаъол Ҷоми мусобиқа, медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамчунин ба шахсони масъул ва шарикон бо сипосномаи рӯзномаи «Хатлон» қадрдони карда шуданд.
Ҳамзамон сармуҳарири рӯзномаи «Хатлон» аз ҷониби Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Ин қадрдонӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар ташкили чунин мусобиқаи сатҳи баланд ва рушди варзиш миёни наврасон сурат гирифт.
Мусобиқаи мазкур барои рушди футбол миёни кӯдакону наврасон аҳамияти муҳим дорад. Он на танҳо имконият медиҳад, ки истеъдодҳои нав дар соҳаи варзиш ошкор шаванд, балки ба тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни наврасони минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон мусоидат мекунад.
Ташкили чунин мусобиқаҳо дар замони муосир барои ҷалби кӯдакон ба варзиш, дур намудани онҳо аз одатҳои номатлуб ва тарбияи насли солиму фаъол аҳамияти хоса дорад. Аз ин рӯ, мусобиқаи Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» имрӯз ба як анъанаи хуби варзишӣ табдил ёфта, ҳамасола бо иштироки бештари дастаҳо баргузор мегардад.
Ин иқдом нишон медиҳад, ки рӯзномаи «Хатлон» дар баробари фаъолияти иттилоотӣ, инчунин барои рушди варзиш ва тарбияи насли ҷавон саҳми назаррас мегузорад.
“Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...