ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШАБАКАИ МУАССИСАИ КУМАКИ АВВАЛИЯИ ТИББИЮ САНИТАРӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 37
![]()
Имрӯз дар доираи сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Дӯстӣ бинои маъмурии шабакаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои сохтмони он 5 миллиону 97 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст. Бинои нав бо тарҳи муосир сохта шуда, аз 21 утоқи корӣ иборат мебошад ва барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Зимни муаррифии иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа тамоми инфрасохтори зарурӣ низ бунёд гардидааст. Аз ҷумла, манораи обёрӣ, ҳоҷатхона, дегхона, танӯр барои сӯзонидани партовҳои тиббӣ, майдончаи махсус барои ҷамъоварии партовҳо ва ҳавзи оташхомӯшкунӣ сохта шудаанд. Ин тадбирҳо барои таъмини бехатарӣ ва риояи меъёрҳои санитариву гигиенӣ мусоидат менамоянд.
Қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Маҳмадулло Салим» бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида анҷом дода шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳи иншоот таъкид намуданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муосир барои хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки чунин иншоотҳо метавонанд ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ мусоидати ҷиддӣ намоянд.
Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам баланд бардоранд.
Ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими заминаи моддиву техникии соҳаи тандурустии ноҳияи Дӯстӣ арзёбӣ гардида, барои беҳбудии зиндагии сокинон аҳамияти калон дорад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...