Рӯзномаи Хатлон » Раҳнамои фардои дурахшони мо


Раҳнамои фардои дурахшони мо



Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар нуқтаҳои ҳаётан муҳимро ёдовар шуданд, ки омили пешрафт ва ҳадафи стратегӣ дар солҳои оянда ба ҳисоб мераванд. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлиле мебошад, оид ба татбиқи сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ. Ҳамзамон, Паём барои ҳар як фарди мамлакат ҳамчун дастурамали корӣ ва барномаи дурбинона баҳри рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа мешуморанд.

Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. - Аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 20 фоиз зиёд карда шуд. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Мо-мураббиён, бояд ташаббускор бошем, аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба Ватани худ содиқ бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ равона намоем.

Дар Паёми худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяншудаамон наздик мекунад. Инчунин, мо-кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант, бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо пешниҳоди масъалаҳои дар Паём зикрнамудаи Пешвои милллат, кор дар ин самт вусъати тоза гирифта, ҳавасмандии омӯзгорон барои рушду нумӯъ ва таълиму тарбияи насли нав натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода