Рӯзномаи Хатлон » Туризм » Ҷоизаи оҳангари хатлонӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ


Ҷоизаи оҳангари хатлонӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ


Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» аз вилояти Хатлон се ҳунарманд ширкат варзида, яке аз онҳо - оҳангар аз ноҳияи Дӯстӣ Қурбонгелдӣ Ҷӯраев сазовори ҷойи дуюм гардид.



Меҳмонону иштирокчиён аз намоиши пешниҳоднамудаи ҳунармандони оҳангарону мисгарон дидан карда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба мисгарӣ ва оҳангарӣ баҳогузорӣ намуданд. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ ташкил гардид. Мақсади озмуни оҳангарӣ ва мисгарӣ тарғибу ташвиқи ҳунармандии миллати тоҷик ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти оҳангарию мисгарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дарёфти чеҳраҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум арзёбӣ мегардад. Ҳунармандони дигар - Файзалӣ Муродов аз ноҳияи Восеъ ва Сайфиддин Қувватов аз ноҳияи Темурмалик барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода