Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Носкашӣ яке аз зуҳуроти номатлуби рӯз маҳсуб меёбад. Агар яке аз рӯйи ҳавову ҳавас нос кашад, дуюмӣ аз таассуб ба дигарон, сеюмӣ барои рафъи асабоният ва шахси дигар бошад, гӯё барои шифои дарди дандон ба ин амал даст мезананд. Дар оқибати кор онҳо ғофил мемонанду ҳавасу таассубашон ба одати ҳамешагӣ табдил ёфта, нос онҳоро вобастаи худ менамояд. Аз ин одат ба осонӣ халос шуда натавониста, аз карда пушаймон мешаванд. Мухбирамон“фоида” ва зарари носро фаҳмиданӣ шуда, бо нафарони гуногунандеша ҳамсуҳбат гардид, ки онро пеши хонанда меорем.
ҲИКОЯИ ХУРД
Рӯзе як марди носкаш ба сафари дур мебарояд ва тасодуфан носкадуи худро дар хона фаромӯш ме-кунад. Дар ними роҳ хумори нос мегираду хеле азоб мекашад. Дар назди деҳае бо марде рӯ ба рӯ меояд. Аз ӯ нос мепурсад. Мард мегӯяд:
-Ба ивази нос чӣ медиҳӣ?
-Чизи аз ҳама азизамро,- посух медиҳад носкаш. -Пас, аспи ту ба ман маъқул аст, онро мехоҳам. Ҳоло ки дар сафар ҳастӣ, бирав, ҳоҷататро барор ва дар бозгашт бодпоро ба ман вогузошта рав, -бар ивази як каф нос талаб мекунад мард.
Носкашро, ки хумори нос сахт азияташ медод, бедудилагӣ ба ин шарт розӣ мешавад. Мард аз камар носкадуро бароварда, аввал сарпӯши пӯпакдори онро гирифта, носкадуро бо даҳони кушода ба мусофир дароз мекунад. “Шартро бой додӣ”, аз дил мегузаронад носкаш.
Мусофир дар бозгашт ба қавли дода вафо мекунад. Аввал сари аспро бурида, ба худ мемона-ду тани бодпоро ба мард тақдим мекунад. Марди ҳайратзада сабаби ин амалро пурсон мегардад.
-Вақте ки носкадуро саркушода, яъне бе сарпӯш ба ман додӣ, гӯё кайфи маро шикастӣ. Носкаш маҳз дар кушодани сарпӯши носкаду кайфият мебарад.
-Чӣ тавр?-дар тааҷҷуб мемонад мард.
-Носкаш қабл аз носкашӣ носкадуро дар кафи дастон молиш медиҳад, то ки равғани даст баромада, тани зарфро ҷило дарорад. Дар ин муддат нос дар дохили он омехта шуда, як қувваи таъсиркунанда пайдо мекунад. Сипас, бо ду ангушти аввали даст сарпӯши пупакдорро дошта, даҳони носкадуро мекушояд. Бӯйи носи дамгирифта ба димоғ расида, касро маст мекунад. Баъд носро ба каф рехта, онро зери забон мегузорад. Олудаи носи дар кафи даст мондаро бо даҳонаки носкаду тоза намуда, онро дохили зарф мегардонаду даҳонашро маҳкам мекунад. Ин амали кӯтоҳак кайфияти калон медиҳаду хуморро мебарорад. Аз ин рӯ, ман ҳам сари аспро гирифта, кайфамро ба худ мемонаму тани ҷонварро ба ту мебахшам...
АЗ НОС ДАҲОНУ ДАНДОН ИФЛОС
Муҳаммади ШАМС, носкаши таҷрибадор:
-Синнам аз 60 гузаштааст. Ҳанӯз аз 15-солагӣ ба носкашӣ сар кардам. Инак, дар ин“шуғл” таҷрибадорам. Ин хуб аст ё бад?
Албатта, бад аст, хеле бад. Тӯли ин солҳо фоидаи онро надидам. Аз нос танҳо дандонҳои зардшудаю қисман рехта, решаҳои пӯсида ва бӯйи бад дар даҳон мондаю халос.
... Ҳамааш аз он сар шуд, ки дар оила падарам нос мекашиданд. Чӣ тавр носро ба кафи даст монда, зери забон кардани ӯро мушоҳида намуда, ҳавас мебурдам ва ҳисси кунҷковӣ оромам намегузошт. Бисёр мехостам ба падар пайравӣ карда, кайфи носро фаҳмам. Гумонам, он ба кас ҳаловат мебахшад. Ҳаваси кӯдакона ва тақлидкорӣ ба одати падар бандаро ба носкашӣ тела дод. Аз носкадуи зебою нақшунигоршуда ва даҳонпӯши муҳрадори падар нос дуздида, пинҳонӣ ба даҳон мепартофтам. Боре ба дасти падар задам, гӯшмолам дод, насиҳат намуд, ки ин одати бад аст, хатои ӯро такрор накунам.
Охир беҳуда нагуфтаанд, ки агар кӯдакро насиҳат карда, фалон корро накун гӯйӣ, вай аз ҳисси кунҷковӣ, барои фаҳмидани сабаби он, албатта, он корро мекунад. Банда низ бо ҳамин сабабҳо носкаширо ихтиёр намудам.
Ҳаваси наврасӣ дар синни камолот одати баде шуда монд. Дар калонсолӣ бошад, он ба “беморӣ” табдил ёфт. Нос маъқулам шуд. Зеро он роҳат мебахшаду асабҳоро ором месохт, хастагиро мебаровард.
Вале ин одат ба завҷаам хушоянд набуд ва пайваста ғур-ғур мекард, то носкаширо партоям. Аммо аз одати бад ба осонӣ даст кашида намешудааст. Борҳо кӯшиш намудам, ки нос накашам, вале иродаам намерасид.
Аз “таҷриба”-и талхи худ медонам, ки нос фоида надорад, касро ҳама ҷо дар ҳолати ногувор мегузорад. Аз ин рӯ, нос накашед, он ба саломатӣ зарар дорад ва обрӯро паст мегардонад.
ФОИДАИ НОС ҲАМ ЗАРАР АСТ!
-мегӯяд шахси тайёркунандаи нос, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд: -Чанд сол қабл барои фоида ба даст овардан нос тайёр мекардам. Тамоку парвариш карда, баргҳои зардшудаи онро дар ҷойи соя хушк намуда, сипас ба хока табдил медодам.
Онро бо як миқдори муайяни хоб ва оҳаксанги ношукуфта(обнарасида) дар шакли орд карда, омехта мешӯридам. Оҳак барои баланд шудани таъсири нос ҳамроҳ мешуд. Носи оҳакдор зери забонро месӯзонад ва носкаш гумон мекунад, ки чунин нос “зӯр” аст ва харидор меафзояд. Ҳамчунин, ба нос хокистари арча ва бедро, ки хосияти тезӣ доранд, ҳамроҳ менамудам. Барои зиёд шудани миқдори нос ба он баргҳои караму картошка илова мешуд.
Нос ҳам мисли тамоку дар таркиби худ никотин дорад. Он рафта-рафта дандонро мерезонад. Оби носолуди даҳон ба меъда рафта, онро илатӣ мекунад. Ҳамчунин, роҳҳои хунгардро халалдор намуда, камари мардро заиф менамояд...
P.S. Хонандаи гиромӣ! Тавре аз ин андешаю нақлҳо бармеояд, нос ба саломатӣ ва буҷаи оилавӣ зарари калон мерасонад. Пас, худ интихоб кунед: нос ё саломатӣ?
С. АТТОР, «Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
