Муборак бошад, устоди азиз!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 919
![]()
Барои меҳнати садоқатмандона ва саҳми арзанда дар рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмурзода Носирҷон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии Хатлон бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
Аз ин рӯ, аз номи ҳайати кормандони идора - Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаро табрик намуда бо бовари метавон гуфт, ки воқеан ҳам устод Носирҷон бо меҳнати садоқатмандона ва арзанда миёни рӯзноманигорон ном баровардааст.
"Хатлон"