Солномаи 30 соли даврони Истиқлолият
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 652
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳар сол як воқеаи фараҳбахше рӯй медод ё он сол ба рушди соҳае, бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллат бахшида шуд ва ин ба рушду пешрафти соҳаҳо, ташаккули фарҳангу маънавиёти мардум, баланд гаштани мақфоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамуд. Дар зарфи 30 соли истиқлолият 30 қадами устуворе гузошта шуд, ки дар натиҷа, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешрафта ва ободу осоишта табдил ёфт.
1991 – Соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 1992 – Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 – Соли таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1994 – Соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1995 – Ҷашни 680-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1996 – Ҷашни 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ 1997 – Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 1998 – Соли таҷлили 90-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров 1999 – Соли Ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён 2000 – Соли ташаккули парламенти касбӣ ва ислоҳоти пулӣ дар кишвар 2001 – Таҷлили 10-солагии Истиқлолияти давлатӣ 2002 – 12 –уми май “Рӯзи шашмақом” эълон гардид 2003 – Соли оби тоза 2004 – Таъсисёбии нусхаи Википедияи тоҷикӣ (Донишномаи электронӣ бо забони тоҷикӣ) 2005 - Оғози сохтмони неругоҳи «Роғун» 2006 - “Соли тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон” ва Ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб 2007 – Пирӯзии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии нахустини худ дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола бар дастаи мунтахаби ИМА 2008 - Таҷлили 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 2009 - Ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам 2010 - «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» 2011 – Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 – Аъзошавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо 2013 - Таҷлили иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз. 2014 – Пурра ба кор даромадани НБО «Сангтӯда-2» 2015 - Эълон гардидани «Соли оила» 2016 – Баистифодадиҳии навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, бо тавоноии 400 мегаватт 2017 – Эълон гардидани “Соли ҷавонон” 2018 - Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали неругоҳи “Роғун” 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2020 – Оғози “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ” 2021 – Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон