Шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 61
Конститутсия асосгузори зиндагии шоистаи мардум, ҳифзкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, посдори сулҳу осоиштагӣ буда, ба мо роҳи дурахшони ҳаётро нишон медиҳад.
30 сол мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо камоли ифтихор аз ин кишвари мардумсолор ва истиқлолу ваҳдати пойдори Ватани азиз 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи мамлакат ҷашн мегиранд.
Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлол ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад.
Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлоли давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафти давлату ҷомеаро ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян кард.
Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз дебоча, 10 бобу 100 модда мебошад. Ин ҳуҷҷати тақдирсози давлат гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз 5 маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи феълии кишвар аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандарт ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.
Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ва бахусус баъди қабули Конститутсияи нав, ки имрӯзҳо аз он сана 30 сол сипарӣ мешавад, мардуми тоҷик дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлати навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро пайваста мустаҳкам менамояд ва ҳамеша кӯшиш дорад, ки барои зиндагии шоистаи худ шароит ва имконияти бештар муҳайё созад.
Бешубҳа, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.
Д. СУЛАЙМОНЗОДА,
судяи Суди иқтисодии
вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00