Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Мактуби ман ба ояндасозон


Мактуби ман ба ояндасозон




19 ОКТЯБР – РӮЗИ НОМАНАВИСӢ БА НАСЛИ ОЯНДА

Салом, дӯсти азиз! Дар ин рӯзи мубораку таърихӣ - Рӯзи номанависӣ ба насли оянда тасмим гирифтам, ба ту нома нависам. Умед дорам, ки он дар саҳифаҳои таърих ҷой гирифта, ба насли оянда мерасад. Бо ҳамин худро дар қатори Шумо мебинам. Пас, ин номаро ба унвонии худам низ навиштаам, то ояндагонам онро мутолиа карда, маълумоте аз рӯзгори насли дирӯзу имрӯз дарёбанд...

Ман шоҳиди ду наслам – наслҳои дирӯзу имрӯз. Дар ин муддати таърихӣ чиро дидаму чиро омӯхтам ва чиро ба ояндагон ба мерос мегузорам? Тавассути ин нома ёдам ба он солҳо, яъне даврони Иттиҳоди шуравӣ  (СССР)  ва  соҳибистиқлолии  Тоҷикистони азизам меравад.

...  Давлати  абарқудрати  Иттиҳоди  шуравӣ  15 ҷумҳуриро  муттаҳид  намуд  ва  онҳо  бо  ҳам  дӯсту бародар буданд. “Бародарию баробарӣ”, шиори он давра буд. Дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон намояндагони миллатҳои гуногун сукунат доштанд ва дар ин оилаи бузург худро бегона намепиндоштанд ва хушбахт ҳам буданд.

Дар  солҳои  сиюм  азхудкунии  заминҳои  асрҳо бекорхобидаю  сӯзони  водии  Вахш  оғоз  ёфт.   Дар ин  даштҳои  беоб  ба  ҷуз  хори  биёбон  дигар  гиёҳе намерӯид.  Он  ба  макони  дарандаю  хазанда,  парандаю  чаранда  табдил  ёфта  буд. 


Ҷангалзорҳои касногузар,  ботлоқҳои  беҳисоб,  шӯра  заминҳоро хароб карда буданд. Барои азхудкунии водии Вахш, даштҳои Бешкент, Қародум ва Ёвон нахустфотеҳон – ихтиёриён аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аз тамоми гӯшаву канори дунё омаданд. “Вахшстрой” як оилаи калонро мемонд.

Бо  мурури  замон,  тавассути  дӯстии  байни халқҳои  ҷаҳон  заминҳои  бекорхобидаро  тахту ҳамвор  карда,  ба  худ  мутеъ  намуданд.  “Зӯрии мушт  дар  панҷ  ангушт”,  гуфтаанд.  Маҳз  ҳамин муттаҳидию  дӯстӣ  буд,   ки  каналҳо  кофта,  ба заминҳо оби ҷонбахш бароварда шуд. Дар ин диёр қаҳрамонони  меҳнат,  устодони  пахта,  деҳқонони асил  баромаданд.  Ин  гӯшаи  диёр  ободу  зебо  гардид. Дар он тоҷику ӯзбек, русу қазоқ, озарию гурҷӣ, арманию  яҳудӣ,  олмонию  кореягӣ,  туркману  тотор паҳлуи  якдигар  кору  зиндагӣ  мекарданд.  Ҳатто касе намедонисту намепурсид, ки ту куҷоӣ ҳастию аз  кадом  халқу  ва  чӣ  миллатӣ.  Ҳурмату  эҳтироми якдигарӣ дар пояи баланд қарор дошт. Насли ҷавон пайрави падару бобоёни худ буданд.


Барои тақвияти ин гуфтаҳо як далели ибратбах-шу  пандомезро  ёдовар  мешавам.  Инсони  заминӣ, нахустфотеҳи  азхудкунии  водии  Вахш,  котиби  аввали  ҳизби  коммунисти  вақт  Сироҷиддин  Исоев чеҳраи шинохтаи ҷумҳурӣ буд. Бо гуфтори хубу пиндори некаш номдор шуда, сухани нарм дошт, тарбиятгару устоди кадрҳои ҷавон маҳсуб меёфт.

Манзили  зисти  бобои  Сироҷиддин  то  ҷойи  кораш – бинои ҳизб тақрибан 800 метр буд. Ҳарчанд мошини хидматӣ дошт, вале пойи пиёда ба кор меомад. Раҳораҳ бо хурду бузурги аз пешашбаромада салом медод. То охири умраш ҳолате нашудааст, ки нафаре пеш аз ӯ саломаш дода бошад. Ин одобу маърифаташ  шоистаи  омӯзиш  буд.  Вақте  ки  нафари  корафтода  ё  меҳмоне  ба  ҳузураш  меомад, аз  курсӣ  хеста,  пешвозаш  мешитофт,  аввал  ҳолу аҳвол, вазъи рӯзгорашро пурсон шуда, сипас сари масъалаи  асосӣ  меомад.  Ҳангоми  гусел  бошад, онҳоро то зинаи баромад мегуселонид. 

Ман хушбахтарин инсон будам, ки дар солҳои дар рӯзномаи ноҳиявӣ фаъолият доштанам, борҳо ба ҳузураш рафта, маслиҳатҳои пандомез гирифтаам.  Ӯ  кормандони  матбуотро  эҳтиром  мекард. Аз  мактаби  Исоев  мо-насли  давр  инсондӯстӣ,  ба қадри  якдигар  расидан,  неки  намудан,  дӯст  доштани касбро омӯхтем, ки ин хислатҳо дар зиндагӣ роҳнамою роҳкушо шуданд.

Ман фарзанди деҳотиям. Падару модарам саводи казоӣ надоштанд. Аммо ба таҳсилу саводнок шудан, интихоби касби фарзандон таваҷҷуҳи зиёд медоданд. Дар тарбия сахтгир буданд. Дар баробари ин кори деҳқониро меомӯзониданд, таъкид мекарданд, ки замин модари мо аст, онро дӯст доред, ҳалолкор бошед, аз он як бурда нони даҳонатонро хоҳед ёфт. Ба беҳудагардӣ, яъне шабгардӣ, ба кинотеатр рафтанро намеписандиданд. “Ба кино нарав, ба китобхона рав”, мегуфтанд. Ҳамин тавр дар оила тарбияи хуб гирифтам.

Дар  ҳузури  падар  ё  омӯзгор  бисёр  сухан  на-мегуфтам.  Аз  омӯзгорони  сахтгир  донишу  одоб гирифта,  соҳибкасб  шудам.  Рӯзноманигориро  интихоб кардам. Касбамро дӯст доштам, зеро он ба ман ҳам нони ҳалол доду ҳам номи баланд. Хидмати аскариро дар маркази Федератсияи Россия – шаҳри  Москва  сарбаландона  гузашта,  ба  зодгоҳи азизам баргаштам.

Аз  мактаби  даврони  шуравӣ  одамият,  меҳру муҳаббати  якдигарӣ,  эҳтироми  калонсолон,  интзоми қатъӣ, қавлу амал, ватандӯстӣ барин хислатҳои некро омӯхтам.

Дӯсти  ҷавонам!  Акнун  аз  ҳаёти  имрӯзаи  худ қисса мекунам.

Давлати бузурги СССР “рисолат”-и худро иҷро карда,  пош  хӯрд.  Ҷумҳуриҳо  мустақил  шуданд. Вале ин мустақилият ба миллати мо гарон афтод. Гурӯҳҳои бадхоҳу мансабталаб аз худ хабар доданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Писар бар падар, бародар бо бародар душман шуданд. Ғорату куштор оғоз ёфт. Қисме аз тоҷику тоҷикистонӣ  рӯ  ба  гурез  ниҳоданд.  Дар  мулки ғарибӣ афтода, беқадр шуданд.

Дар ин рӯзҳои даҳшатбор давлати тоҷиконро нестшавӣ  таҳдид  мекард.  Дар  ҳамин  давраи ҳассос  фарзанди  фарзонаи  миллат  Эмомалӣ Раҳмон  зимоми  давлатдориро  ба  даст  гирифт. 

Ба кишвари мо сулҳу амонӣ овард. Мардуми парешонро  боз  дар  ватан  ҷамъ  намуд.  Зиндагии баъдиҷангӣ  ҷараён  гирифт.  Вайронаҳо  ободу мусибатдидагон  ғамхорӣ  диданд.  Бо  иқдомҳои созандаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари тоҷик соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд.

Дарҳои  муассисаҳои  илмомӯзӣ,  ҳунармандӣ  ба  рӯйи ҷавонон боз шуд. Сарвари давлат ба маориф рӯ овард, ба донишандӯзии насли ояндасоз таваҷҷуҳ зоҳир кард. Кишвар ободу зебо гардида, рушд намуд. Тоҷикистон ба ҷаннати рӯйи замин табдил ёфт.

Насли  имрӯза,  аз  ҷумла  камина  низ  аз ғамхорию меҳрубониҳо, дастгирию қадрдониҳо, арҷгузорӣ  ба  меҳнату  касбу  кор  бархӯрдорам. 

Ҳарчанд синнам ба ҷое расидааст, дар баробари нафақа гирифтан, боз ҳамроҳи ҷавонон дар рӯзномаи  вилоятии  “Хатлон”  фаъолият  дорам. Роҳбар,  аҳли  эҷод  ҳама  эҳтиромам  мекунанд, маслиҳат  мепурсанд  ва  намегузоранд,  ки  пир шавам.

Оилаи  намунавӣ  дорам,  падар,  бобою  бобокалон  ҳастам.  Дар  ҳалқаи  фарзандон,  набераю аберагон худро шоду сарбаланд мебинам. 

Набераҳо  дар  мактаби  миёна  ва  донишгоҳҳо таҳсил намуда, аз пайи илму ҳунаранд. Магар аз ин дида боз давлати баланде ҳаст? Гумон мекунам, ки не!

Дар  хотимаи  ин  нома,  ки  ба  насли  оянда навишта  шудааст,  мегӯям:  ояндаи  Шумо  боз хубтару беҳтар мешавад. Мегӯянд, ки дар даврони Шумо мардум дар кайҳон зиндагӣ кардан мехоҳанд. Ман мегӯям, ки Шумо нахуст дар за-мин  зиндагӣ  карданро  омӯзед,  сипас,  ихтиёратон.  Бикӯшед,  то  соҳибилму  соҳибкасб  шавед. 

Пеш  аз  ҳама,  ихтироъкор,  навовару  ташаббускор  бошед.  Зеро  ҳар  як  ҷомеа  ба  ҷавонони соҳиби  ин  касбҳо  ниёз  дорад.  Дигар  хислату рафтору гуфторро дар ибтидои нома рӯйи коғаз овардаам.

Агар  аз  ин  гуфтаҳо,  амалҳо,  муоширату дӯстдоштанҳо  чизе  бардошта  бошӣ,  офаринат! 

Пас, амонати мероси аз гузаштагон ба ту мондаро эҳтиёт намо, пос дор. Зеро ба амонат хиёнат намекунанд.  Идомабахши  ҳаёту  зиндагии  онҳо бош...

Ман  назди  оинаи  барқад  нишаста,  бо  худ суҳбат мекунам. Аз худ мепурсам:

-  Оё  аз  рафтани  умри  тайшуда,  зиндагии оилавӣ,  касбу  кори  интихобкардаат  пушаймон нестӣ?

- Не, ҳаргиз! Аз он шукрона мекунам.

-  Тасаввур  намо,  дар  кадом  давр  зиндагӣ кардан мехоҳӣ? Имрӯза ва ё оянда?

- Албатта, зиндагии имрӯзаам ба ман писанд аст.

- Шояд ҳамроҳи насли оянда будан ё зиндагӣ карданро мехоҳӣ?

- Умри бобаракати худро аз дуои неки модар дарёфтам ва аз он розӣ ҳастам. Дар ин муддат аз хислатҳои неки инсонӣ бархӯрдор шудам.

...Насли  ояндаи  ман!  Номаамро  дар  ҳамин ҷо  хотима  мебахшам.  Дар  паноҳи  Худо  бошӣ! 

Вақт тезгузар аст. Шояд ин номаро аз саҳифаи таърих якҷоя мутолиа менамоем...

Дуогӯи Шумо дӯсти 75-солаатон С. АТТОР

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода