Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Мадина дар баробари табиб будан боз ба киштукор дар замини наздиҳавлигиаш машғул мешавад. Ҳар сол барои захираи зимистон аз чанд сотих замини наздиҳавлигиаш маҳсулот ғундошта, захира мекунад.
То имрӯз зиёда аз 400 банка маҳсулоти гуногунро барои зимистон дар қуттиҳои махсус захира намудааст. Ба ғайр аз каду, картошка, меваи хушк ва дигар маҳсулоти ғизоӣ захира кардааст.
МАДИНА Раҷабова корманди шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён мебошад. Ӯ дар баробари фаъолияти пурмасъули табибиаш фориғ аз кор ба кишту кори зироату сабзавот дар замини наздиҳавлигиаш машғул мегардад.
Қитъаи назди ҳавлии оилаи онҳо 12 сотих заминро ташкил медиҳад. Мадина ҳамроҳ бо модараш ҳар сол дар натиҷаи истифодаи дурусти он аз ҳосили кишти зироати гуногун барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани фасли зимистон ба таври кофӣ анвои зиёди ғизоӣ захира менамоянд.
Мадина Раҷабова чун дигар сокинони Ҷамоати шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён баҳри беҳбуд бахшидани рӯзгор талош менамояд. Ҳамин аст, ки ҳар ваҷаб қитъаи замини наздиҳавлигиро самаранок истифода карда, аз он ҳосили хуб ба даст меоварад.
- Баракати замин дигар аст. Агар ин миқдор маҳсулоте, ки мо истифода мебарем, аз бозор харидорӣ кунем, маблағи зиёдеро талаб мекунад.
Аммо мо ҳамаи онро дар замини худ парвариш мекунем. Ҳатто, ҳамсояҳое, ки маҳсулот ва сабзавот-ро аз бозор харидорӣ мекарданд, барои истифо-даи ҳаррӯза аз мо харидорӣ мекунанд.
- Тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, бо духтарам заминҳои наздиҳавлигиамонро самаранок истифода мебарем. Духтарам табиб аст, вале дар замин кор карданро дӯст медорад. Ӯ ҳар рӯз, пас аз кори табибӣ ба ин кор машғул мешавад. Вақте ман духтарамро мебинам, дар бараш рост истода, ба ӯ ёрӣ медиҳам, - мегӯяд Гулнигор Раҷабова, модари Мадина.
- Аввали баҳор дар замини наздиҳавлигиамон картошка кошта, ҳосили онро ғундоштем. Ба ҷояш дигар маҳсулотро кишт кардем. Аз қабили ҷуворимакка, помидор, бодиринг, булғорӣ, сабзӣ, карам ва ғайра. Мо қариб ҳамаи маҳсулоти кишоварзиро дар замин кишт карда, ҳосили хуб меғундорем. Маошеро, ки ман аз кори табибиам мегирам, ба хариди маҳсулоти ғизоӣ нею барои бартараф кардани дигар мушкилоти рӯзгор сарф мекунем,- мегӯяд Мадина Раҷабова.
Истифодаи мақсаднок ва оқилонаи замин омили баланд гардидани сатҳи рӯзгори сокинон маҳсуб меёбад. Дар ин замина ҳар фарди ҷомеа таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар баробари хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамзамон аз қитъаҳои наздиҳавлигии хеш ҳосили дилхоҳи маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меоранд. Қаҳрамони мо Мадина Раҷабова мисоли гуфтаҳои болост.
- Ҳар як инсон, ба ғайр касбе, ки дар он кор карда маош мегирад, боз шуғли дӯстдошта дорад. Масалан, яке ба футбол майл дораду дигаре ба саёҳат кардан. Ман бошам, дар замин кор карданро шуғли дӯстдоштаи худ медонам. Зеро кор дар замин ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба буҷаи оила фоидаи калон дорад, -андеша дорад Мадина.
Бо истифода аз имконоти васеи обу замин ӯ бо аҳли хонаводаи хеш дар вақтҳои холигӣ меҳнат карда, аз ин қитъаи хурди наздиҳавлигӣ дар се марҳила ҳосил ба даст меоранд, ки ин дар пешбурди рӯзгорашон нақши муҳим мебозад.
Дар як сол мо аз 12 сотих се ҳосил мегирем. Дар кишти аввал картошка, дар кишти дуюм ҷуворимакка ва дар кишти сеюм анвои гуногуни сабзавот - помидор, бодиринг, булғорӣ, сабзӣ, карам ва ғайра кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст меорем.
Маданияти баланди истифодабарии замин, рӯёнидани ҳосил ва захиракунии маҳсулот қариб, ки дар ҳама хонаводаи сокинони ноҳияи Кӯшониён баръало мушоҳида мегардад. Дар хонаводаи Мадина низ то имрӯз аз ҳисоби ҳосили меваву сабзавоти замини наздиҳавлигӣ аллакай беш аз 400 зар-фи шишагин консерваю мураббо ва афшураи меваҳо омода ва захира гардидааст.
Дар ин баробар дар анбори манзили зисташон сабзавот ва дигар маҳсулоти донагии захирашаванда ба таври зарурӣ ҷамъ намудаанд, ки метавонад эҳтиёҷоти аҳли оиларо дар рӯзҳои сарди зимистон қонеъ намояд.
Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.