Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Оила арзиши муқаддас аст. Он пайвандест, ки бо муҳаббат, садоқату самимият ва эътимоди тарафҳо баста шуда, ҳеҷ гоҳ аз ҳам гусаста намегардад. Бо ташкили оила ва таъмини фазои созгор дар он, метавон гуфт, ки як гӯшаи кишвар ба фазои осуда таъмин гардида.
Оиларо ячейкаи асосии давлат гуфтани бузургон бесабаб нест. Яъне ободиву осудагии оилаҳо ин ободии давлат ҳам ҳаст. Аммо ин ободиву таваҷҷуҳ аз куҷо сарчашма мегирад? Суолест, ки баррасӣ мехоҳад. Ҷаҳони муосир бо дигаргуниҳои куллии гоҳ мусбиву гоҳ манфии худ ҷомеаро ба вазъи пешгӯинашванда мувоҷеҳ сохтааст. Аз он ҷумла, баҳамоии фарҳангҳо таъсири ҷиддие дар оилаву оиладории мо ба вуҷуд овардааст. Ин моро водор менамояд, ки сари масъалаи маърифати оиладорӣ ҷиддӣ андеша намоем. Чун тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз миёни аҳли ҷомеа маърифат ё худ фарҳанги оиладорӣ дар дараҷаи паст қарор дорад. Пошхӯрии рӯзафзуни оилаҳои ҷавон худ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Тавре ба назар мерасад, бештари оилаҳои ҷавон аз маърифати оиладорӣ огоҳ нестанд. Бо андак камбудии рӯзгор ё иштибоҳи ҳамдигар роҳи ҷудоиро пеш мегиранду аслан дар фикри мусолиҳа ё мадорову ҳамдигарфаҳмӣ нестанд.
Дар камбудиву мушкилоти рухдода ҳеҷ нафаре сар фаровардан ва аз ғурури худ гузаштан намехоҳад, билохира кор ба ҷудоӣ мекашад. Дар ин маврид Мавлонои бузург чӣ хуб гуфтааст:
Ту ноз куниву ёри ту ноз,
Чун ноз ду шуд, талоқ хезад.
Яке аз устодонамон, ки дарси ахлоқ медод, гуфта буд: “Ягона сабаби муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ ин пойгаварзии ҳамсарон аст”. Дарвоқеъ дуруст гуфта.
Вақте зану шавҳар на аз маърифати олии инсонӣ огоҳанду на аз маърифати оиладорӣ, наметавон устувории оилаҳои онҳоро кафолат дод. Чун асоси оила ҳамдигарфаҳмӣ, гоҳе таҳаммулпазирӣ нисбати рафтори якдигар аст. Ҳамин буд, ки бо ташаббу-си Роҳбарияти олии кишвар, дар баробари таваҷҷуҳ ба дигар масоили мубрами ҳаёти ҷомеа, ба оилаву оиладорӣ низ таваҷҷуҳ карда шуд. Чунончи, соли 2015 бо ибтикори Ҳукумати кишвар “Соли оила” эълон гардида буд. Аммо, бояд гуфт, ки ин тадбирҳо ҳанӯз ҳалли масъала набуда, моро мебояд, ки маърифати оиладории худу атрофиёнамонро баланд бардорем. Нисбати ҳаёти худу наздиконамон бетараф набошем, зеро ноамниву вайроншавии оилаҳо паёмадҳои ногуворе барои ҷомеа хоҳад дошт. Саъдии Шерозӣ беҳуда нагуфта буд:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Имрӯзҳо, ки дар кишвари мо низ раванди созандагӣ ва устуворгардонии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ давом дорад, масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва бунёди оилаи солим мавқеи мах-сусро ишғол менамояд. Зеро оила, ин пеш аз ҳама, таъминкунандаи ваҳдати гурӯҳи хурди одамон ё хонавода буда, на танҳо муносибатҳои зану шавҳарӣ, фарзандӣ ва хешутабориро дар бар мегирад, балки ҳамзистии якчанд нафар, ҳамдилу ҳаммаром будан ва зиндагии осудаҳолонаву якҷоя доштани онҳоро ифода менамояд. Оила макони меҳру муҳаббат аст, зеро бе муҳаббату самимият ҳамзистӣ ва ваҳдати хонадонро таъмин кардан ғайриимкон аст.
Адиба ШЕРАЛИЗОДА,
мудири бахши САҲШ-и шаҳри Левакант
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.