Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Айёми тифлӣ беҳтарин марҳилаи умри инсон аст. Чун кӯдакон дар ин айём таҳти сарпарастиву нигоҳбонӣ ва ҳимояи калонсолон ё волидон қарор доранд, ба қавле дар “олами бехабарӣ” умр ба сар мебаранд.
Мо, одатан, кӯдакиро танҳо айёми ба ғамхорӣ ва хӯру хоби роҳат эҳтиёҷ доштани кӯдакон медонему бас. Ҳеҷ гоҳ дар зеҳни мо намеояд, ки маҳз аз ҳамин айём шавқу мароқ зоҳир намудани кӯдакон ба олами атроф оғоз мегардад ва талош ҳам намекунем, ки ин ошноиҳои онҳо ба муҳити иҳотакарда ва натиҷабахш бошад.
Кӯдакони мо аксар вақт тақвими рӯзи якхела доранд: хоб кардан, хӯрок хӯрдан, боз дар нисфирӯзӣ ҳатман хобидан (барои оромиши волидон) ва баъдан боз то бегоҳ ба бозиҳои бесарусомони худ андармон шудан.
Аксарияти волидон ё намедонанд ё донистан намехоҳанд, ки бозиҳо ҳам метавонанд хусусияти таълими-ву тарбиявӣ дошта бошанд. Ва агар кӯдак ба бозиҳои судманду омӯзишӣ ҷалб гардад, ин барои ӯ аввалин мактаби зиндагӣ хоҳад шуд. Дар урфият мегӯянд: “Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст”.
Мо одат кардаем, ки ба кӯдакони худ, агар духтар бошанд, ҳатман лӯхтакчаҳо ва писар бошад, мошинча харидорӣ кунем. Бо ин мо аллакай қазовати хешро оид ба мавқеи ин ду ҷинс, ки дар ҳимоятамон қарор доранд, муайян мекунем.
Бояд гуфт, ки интихоби дурусти бозичаҳо ҳам метавонад омили хубе дар рушди тафаккури кӯдакон бошад. Масалан, назар ба харидории мошинчаву лӯхтакчаҳои ҳамешагӣ агар бозичаҳоеро ба мисли кубикҳо, сохтани хоначаҳо, лабиринтҳо ва монанди ин бозичаҳое, ки хусусияти рушддиҳии зеҳнро доранд, харидорӣ намоем, беҳтар хоҳад буд.
Хеле кам мушоҳида мешавад, ки волидон фар-зандони худро ба мағозаи бозичаҳо бурда, интихо-би ӯро харидорӣ карда бошанд. Ин маънои онро дорад, ки мо ҳанӯз аз айёми тифлӣ ҳаққи интихо-бро аз кӯдаконамон мегирем. Зиндагии онҳо бо фармонбардорӣ ба хостаҳои мо пеш меравад. Мутафаккири Шарқ М. Ҳиҷозӣ гуфта буд: “Муносибати ғуломӣ тарбияи ғуломӣ меофарад”. Ибораҳое, ки дар забони волидони мо ҳамеша ҷорианд, аз қабили “шин”, “хап кун”, “бисёр гап назан”, “бисёр савол надеҳ”, “ҳоло калон шавӣ, баъд мефаҳмӣ” тафаккури фарзандони моро ба карахтиву рукуд мувоҷеҳ месозад. Онҳо дигар барои бо интихоби мо зистан одат мекунанд ва мустақилияти худро аз даст медиҳанд. Ва, мутаассифона, ин раванди фармонравоӣ бар интихобу хостаҳои фарзандонамон то замони наврасиву ҷавонӣ низ идома меёбад.
Вақте марҳилаи интихоби касб ва омӯзиш фаро мерасад, фарзандонамон, ки аллакай барои “зери навои калонсолон рақсидан” одат кардаанд, аз худ майлу хоҳише нишон намедиҳанд. Онҳо маҷбур мешаванд дар пешае, ки МО мехоҳем, таҳсил намоянд. Чунин интихобу таҳсилҳои иҷборӣ ҷуз дарс-гурезиву беҳудагардӣ ва билохира муҳоҷирати бардавом натиҷаи дигаре нахоҳад дошт.
Афсӯс, ки барои мо мавқеи “калонсолон, ё падару модар ба фарзанди худ бадӣ намехоҳанд”, болотар аз интихоби худи фарзандонамон аст, ки вобастагии ҷиддӣ ба ояндаашон дорад.
Биёед, аз айёми тифлӣ оқилонаву огоҳона интихоб карданро ба фарзандонамон омӯзонему танҳо фармонравоӣ накунем. Чун интихоби дурус-ти онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳаёт кафолати осудагии мо ҳам хоҳад буд.
Райҳона РАҲМАТОВА,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.