Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Боздошти 2 фолбин дар ноҳияи Қубодиён


Боздошти 2 фолбин дар ноҳияи Қубодиён




Чанде пеш аз ҷониби кормандони Мақомоти милитсияи ноҳияи Қубодиён зимни баргузории чорабиниҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳия 2 ҳолати машғул шудани шаҳрвандон ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ ошкору муайян карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, инҳо Аннакова Дилдор Қурбоназаровна, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён ва Назарова Малика Холмуродовна соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён мебошанд.

- Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар манзили истиқоматиашон шаҳрвандонро қабул намуда, бо воситаи рехтани хуни мурғи сиёҳ ва сафед бахткушоию фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ ба «гармиву хунуккунӣ» машғул будаанд. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии дастгиршудагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд, - иттилоъ медиҳад сомонаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбаршудагон тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасии судӣ қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳрири нав ва тағйироти воридгардида ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 5760 сомонӣ то 7200 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз татбиқ карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода