Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯз муҳоҷират як ҷузъи зиндагии мардуми мо гаштааст. Шояд хонаводаеро, ки дар он нафаре дар муҳоҷират умр ба сар набарад, дарёфт намудан ғайриимкон бошад. Чун аз ҳар оилае як ё ду нафар муҳоҷиранду ризқу рӯзии хонаводаро бо ин роҳ таъмин менамоянд.
Ҷойи пӯшида нест, ки муҳоҷират бо вуҷуди ба бор овар-дани бархе мушкилиҳо, ҳамзамон зиндагии бисёре аз оилаҳоро ба маротиб беҳтар намуду муттакои иқтисодии онҳо гардид. Ва ин, албатта осон ҳам ба даст намеояд. Зеро муҳоҷирон дур аз ватан сангинтарин корҳоро ба сомон мерасонанд, то ин ки маблағи кофие ба даст оранду ба хонавода равон кунанд. Суоли матраҳ ин аст, ки бо вуҷуди иҷрои чунин корҳои сангин, аз қабили сохтмони биноҳои баландошёна, роҳрӯбиву партовкашӣ, фаррошиву ронандагӣ боз ҳам бештари муҳоҷирон мавриди таҳқир қарор мегиранд...
Сафаре ба хориҷ аз кишвар бароямон иттифоқ афтод ва якчанд мушоҳидаҳоямонро оид ба масъалаи болозикр рӯи коғаз овардем. Парвози мо ба самти Екатеринбург сурат мегирифт.
Ҳанӯз аз фурудгоҳи Душанбе мушоҳидаҳои мо оғоз шуд. Мусофирони зиёд мунтазири шунидани садои кормандони ҳавопаймо буданд, ки кай аз оғози парвоз хабар медиҳанд. Билохира он лаҳза ҳам фаро расиду муҳоҷирони зиёд-зану мард, пиру ҷавон, модару кӯдак ва гоҳе оилаҳои комил савори ҳавопаймо гардиданд. Парвоз оғоз шуд, бо манзараҳои аҷиб ва гоҳе дилгиркунанда.
Бо вуҷуди он, ки дар ҳар курсии нишаст огоҳинома дар хусуси ҳангоми парвоз дар дохили ҳавопаймо бесабаб гаштугузор кардан манъ аст, насб шуда буд, бештари кӯдакон, ки ҳамроҳи волидонашон буданд, озодона, чун майдон-чаи “Лим-Попо” дар долони ҳавопаймо ҷастухез мекарданд. Ва ин волидони онҳоро заррае ҳам ба изтироб намеовард ва фориғболона аз ҳавои парвоз лаззат мебурданд.
Дар ҳамин асно боз манзараи аҷибе ба чашм расид. Зане фарзандашро дар назди тиреза ҷафс шинонида, дар курсиҳои кушодаи худу фарзандаш хоби “роҳат” дошт.
Парвози тайёра 3 соату 10 дақиқа анҷом ёфт. Мусофирон оҳиста-оҳиста ҳавопайморо тарк карданд ва мо аз ҳама охир берун шудем. Ҳангоми баромадан нигоҳамон ба зери курсиҳову роҳрави ҳавопаймо афтиду дар ҳайрат мондем.
Сачоқчаҳои намноки истифодашуда (влажные салфетки), қуттиҳои пластикӣ, нонпора, селофанҳои “Чипсу кирешки”, ки муҳоҷирон дурии парвозро ба онҳо кӯтоҳ карда буданд, дохили ҳавопаймо вомехӯрд. Хуб, ки ҳавопаймо “худӣ” буду кормандонаш низ ва моро “мефаҳманд”, вагарна....
Акнун мо дар толори интизории фурӯдгоҳи кишвари дигар қарор доштем. Ба ваҷоҳати мусофирон ё аниқтараш муҳоҷирон менигариву чунин хулоса мебарорӣ: онҳо се фарқаанд.
Гуруҳи аввал онҳое, ки бори аввал ба давлати бегона қадам мондаанд.
Нигоҳашон парешону даступохӯрда менамояд. Аз ҳар нафари ҳамроҳашон мепур-санд, ки “шумо ҳам бори аввал инҷоед?”,
то андаке кумакашон кунанд.
Гурӯҳи дуюм воқеан одамони ботаҷриба, аммо камҳарфу бесадо. Шояд ба он хотир, ки вазъияти фурӯдгоҳро хуб медонанд.
Аммо гурӯҳи сеюм... Афроде сар ба афлок. На ба сурату на ба сират ба ҳаммеҳанони мо монанд нестанд. Ба ҷойи дастгириву фаҳмонидан бо ҳаммеҳанони худ, бо дағаливу қаҳру ғазаб ва ғурур, ки худ аз вуҷудаш хабар надоранд, муомила мекунанд.
Маҳз чунин манзара диққати моро ба худ ҷалб кард. Зане бо чаҳор фарзанди хурду калон дар миёни муҳоҷирон буд.
Яке аз фарзандонаш ширхораву ҳанӯз аз ҳавопаймо дар дасти зан шишае бо оби ҷӯшомада буд. Дар толори интизорӣ он зан аз санҷиш гузашту бо фарзандонаш аз гурӯҳи муҳоҷирон ҷудо шуд ва он шишаи холишуда “лолу ҳайрон” миёнаҷои толори интизорӣ боқӣ монд. Ҳамин дам чашми зани дигаре, ки шими ҷинсу куртаи кӯтоҳи мардонамонанд ба бар дошт, ба шиша афтиду дашноми обдоре ба суроғаи соҳиби шиша равон кард. Шояд он зан аз рӯи нофаҳмӣ ё шояд фаромӯшӣ чунин намуд, аммо нафари “бофаҳм”-и дигар ки бо сари “боло” “маданият”-и худро нишон медод, рафтори бадтар аз онро кард. Ҳақорат нисбати як зан-модари дигар.
Аҷабо! Бо иваз кардани либоси тоҷикӣ феълу одоби тоҷикӣ низ иваз мешудааст. Охир ман бори аввал мебинам, ки зани замоне хонадору боиффати тоҷик чунин дашномро нисбати ҳамҷинси худ, ҳаммеҳани худ раво бинад.
Зани дигаре бо нозу итоб мӯйҳои зарду сафедкардаашро гоҳе ин тарафу гоҳе он тараф партофта, бо ҳамраҳонаш ҳарф мезад. Ман дар аввал ба тоҷик буданаш шубҳа кардам, то замоне, ки бо лаҳҷаи шевои тоҷикӣ ба ҳамраҳаш чунин гуфтанашро шунидам: Хушдоманкалонам рус аст, яъне “бибии шавҳараш”.
Акнун маълум шуд, сабаби он ҳама феълу одоби бегона ба ҳавопаймо дасти ба даст даромадану сар ба сари ҳамдигар гузошта нишастану хандаю шӯхӣ, мисли он ки дигар ҳеҷ нафаре гӯё дар атроф набошад. Афсӯс, ки вақти суолу ҷавоби кормандони ҳавопаймо калимае ба забони хориҷӣ ҷавоб дода натавонисту он ҳама ҳусни “оламгир”-и замонавӣ ва “арвоҳи Бибӣ”- ро хор кард. Чунин мисолҳо ва лаҳзаҳо, ки дигар шудани фазову макон моро дигар мекунад,
ҳазор-ҳазоранд.
То кай мо мегӯем, ки мардуми асилу фарҳангпарварем. Аммо як қадам, дур аз ватан мондем, на танҳо фарҳанги худ, балки фарҳанги инсониро фаромӯш месозем. Одитарин қоидаи истифодаи тех-никаи муосир ва фарҳанги мусофиратро намедонем ва худу атрофиёнамонро дар хиҷолат мемонем.
Мутаассифона, мо қадри ҳамдигарро намедонем, нисбати якдигар беэътиноӣ зоҳир мекунему ҳатто таҳқиру тамасхурро раво мебинем. Даҳшатноктар аз ин, фарҳангу асолати хешро берун аз фурудгоҳ фаромӯш месозем. Вақте мо худ ба ягон рафтори ноогоҳона, ё нодонии ҳаммеҳани худ механдему масхара ё таҳқирашон мекунем, пас бегона бо мо чӣ хоҳад кард?! Аз мост, ки бар мост....
РАЙҲОНА
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.