Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 26 медали тилло ба даст омад


26 медали тилло ба даст омад




26 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, ки рӯзҳои 22-24 июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастболо шуданд.

Дар маросими қадрдонии ғолибони озмуни мазкур зикр шуд, ки аз 180 довталаби медалҳои тилло ва нуқра ба даври финалӣ 118 нафар роҳ ёфта, аз миёни онҳо 63 нафар дар сатҳи ҷумҳурӣ комёб гардиданд. Аз ҷумлаи 26 нафар хонандагони Хатлон як нафар бо аттестати аъло ва медали тиллои универсалӣ (баландтарин хол дар миёни довталабон), 9 нафар бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 15 нафар бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ ва як нафар бо медали нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ қадрдонӣ гардиданд. 

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 18 нафар хонандагони вилояти Хатлон таълимгоҳҳоро бо аттестати аъло ва медалҳои тиллою нуқраи равиявӣ хатм карда буданд.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ғолибонро табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки имрӯз бори дигар дар ин озмуни бонуфуз собит гардид, ки хонандагони закиву ҳушманди мо, воқеан ҳам дониши баланд дошта, барномаи таълимиро ба хубӣ азхуд намудаанд.
Аз ҷониби вазири маориф ва илм ба ғолибони озмун ифтихорномаҳо супорида шуда, волидайн ва омӯзгорон сипосгузории худро ба Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар ва ба дастандаркорон, барои ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ расониданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода