Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Мушкилоти экологӣ - мушкилоти сайёра


Мушкилоти экологӣ - мушкилоти сайёра




Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони соҳаи экология баргузор гардид. Дар он Саидисмон Судуров, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дошт.

Дар вохурӣ масъалаҳои экологии дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироашуда баррасӣ гардид.

Тавре ки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз дошт, мушкилоти экологӣ имрӯз ба проблемаи глобалӣ табдил ёфта, бартараф намудани онҳо кори дастаҷамъист. Дар ҳаллу фасли масъалаҳои экологӣ бояд ҳар як сокини соҳибмаърифати сайёра саҳми худро гузорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои солимии ҷомеа, пеш аз ҳама, бояд меъёрҳои муайяни экологиро риоя намуд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани масоили экологӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо соҳаҳои марбута бояд  саъю талош намояд.

Суҳбату мулоқоти намояндагони соҳа бо донишҷӯён судманд гузашт.

Холбой Имомов,
омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода