Наврӯз - иди миллӣ, зебоӣ ва қадимӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 249
Вақте баҳсҳо оид ба пайдоиши иди Наврӯз ба миён меоянд, маро ҳайрат фаро мегирад, ки чаро ҳамзамонони мо мантиқи таърихиро ба назар намегиранд. Сарчашмаҳои мухталифро ба таҳлил мекашанд. Андешаҳои ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез баён меёбанд.
Имрӯзиён далел меоранд аз осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абулқосим Фирдавсӣ, сайёҳони чинӣ, намояндагони ғарб ва ғайраҳо. Ин омил хушҳолкунанда аст, ки дар ҳар як соли солшумории мелодӣ чизе дар сифати бузургӣ, қадимият халқияти иди Наврӯз ироа гардида, суннату анъанаҳои он садаҳои бешумореро убур карда, то замони мо расидаанд ва нақшу нигорҳои онҳо далолат бар он доранд, ки мардуми форстабор ва махсусан тоҷикон дар рушди тамаддунҳои башарӣ бавосита ё бевосита иштирок доштаанд. Ин ба муҷиби он аст, ки аҷдоди некандеш, некамал ва некгуфтори мо дар замонҳои гуногуни таърих ба хирад, илм, ҳикмат такя кардаанд. Офарандаи худро самимона сипос гуфтаанд.
Дар такя ба шарҳу эзоҳи суннату маросим ва анъанаҳои иди Наврӯз метавон ҳадс зад, ки миллати тоҷик дар саргаҳи пайдоиши маънавият ва тамаддуни башарӣ қарор дорад.
Исми нахустдавлати тоҷикон давлати Каёниёнро метавон дар қатори давлатҳое қарор дод, ки меҳварӣ маҳсуб мешаванд. Давлатҳое мисли Ҳиндустон, Чин, Юнон, Миср, Бобулистон ва ғайра. Ин мавзуъро аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи «Тоҷикон»-аш қайд карда гуфтааст, ки давлати Каёниён аз ҷиҳати сиёсӣ ба Мисри қадим паҳлу мезад ва аз ҷиҳати ҳарбӣ бартарӣ дошт.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузургвор аз таърихи давлатдории Каёниён қисса карда мешавад ва мазмуну муҳтавои достонҳо аз ҳаёти шоҳони каёнӣ дар замони атиқа ба он далолат мекунанд, ки воқеан ҳам нақши ин давлат дар дунёи қадим хеле муҳиму муассир аст. Асари таърихии давлати «Каёниён»-и Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ аз нигоҳи таърихию илмӣ бисёр арзишманд буда, муаллиф бо далелу санад ва мадракҳои муҳими таърихӣ исбот намудааст, ки «Давлати Каёниён» асотирӣ не, балки давлати таърихӣ аст.
Барои ҳамин ҳам дар тафсири иди Наврӯз ва анъанаву маросими он ба «Шоҳнома» такя кардан зарур аст. Ва худи номи «Наврӯз» ҳам, ки аз ду калимаи мустақили тоҷикӣ иборат буда, нишон медиҳад, ки тоҷикон дар асос гузоштан ба ин ид нақши муҳим доранд. Ва Наврӯз аз дигаргуншавии фасл, фарорасии соли нав дарак медиҳад ва гуфта мешавад, ки ин ивазшавӣ бо кайҳон ҳам робитаи қавӣ дорад. Инчунин робитаи замину кайҳон ва инсону табиат, ки аз ривоҷи илми табиатшиносӣ ва кайҳоншиносӣ дарак медиҳад, вақти асос гузоштан ба идҳои миллии «Тиргон», «Меҳргон» ва «Сада» ҳам дида мешавад. Ба ҳамин хотир бо эътимоди қавӣ метавон хулоса кард, ки дар саргаҳи тамаддуну фарҳанги ҷаҳон қарор доштани мо гапи хушку холӣ нест. Ин маъниро метавон дар тавзеҳи бозиҳои варзишии миллӣ, суннату анъана ва маросимҳои наврӯзӣ ва таъсири он ба маънавияти башар ҷустуҷӯ кунем ва қаноат ҳосил намоем. Бозиҳои миллии камонварӣ, аспдавонӣ, чавгонбозӣ, гӯштингирӣ, бандкашӣ, давидан, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ғайра. Аз ин нуқтаи назар, яъне тавсеаи бозиҳои варзишӣ ва пайвастшавии он бо Наврӯз ва маънавияти миллат назар кунем, дармеёбем, ки дар ҳикмату андеша, рафтору гуфтор ва рӯзгори мо-тоҷикон мазмуну зебоиҳои Наврӯз ҷой доштааст ва имрӯз ҳам ҷой дорад.
Наврӯзи куҳан ва ҳамешаҷавон рисолати эҳёкунии табиат, ҳамоиш ва муттаҳидкунандагиро дар худ дорад. Бо фарорасии он баробарии шабу рӯз ба қайд гирифта мешавад, рамзу ишорае ба баробарӣ ва ба ҳам пайваст будани мавҷудоти олам мебошад. Ҳушдор медиҳад, ки инсонҳо ҳам мисли дигар ашё ҷузъи табиатанд ва табиатро бояд эҳтиёт кунанд. Ва инсону табиат дар ниёзмандӣ ба кумаки якдигар вуҷуд доранд. Дар комилшавии якдигар саҳим мебошанд.
Зебоипарастӣ ва дӯстдори сайри чаману гулзорро писандидани мо пайваста аст ба зебоиофарии Наврӯз. Дар андешаву шеър ва ҳикмату фалсафаи миллати мо мавқеи хоса доштани зебоипарастии ботинию зоҳирӣ, сухани зебо, андешаи ҳикматомез ва тасвири зебоиҳои моддию маънавӣ аз таъсири зебоии Наврӯз ба тинати мо ибтидо мегирад.
Дар фарҳанги моддию маънавиамон таъсиргузории Наврӯз бармало буда, шарҳу тавзеҳи нақшу нигори пероҳани чакан ва гулбаст далолат бар он хоҳад кард, ки иди Наврӯз дар ҳамаи давраҳои таърих иди дӯстдоштании мо маҳсуб меёфтааст. Таъсираш ба фарҳанги либос ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бориз ба назар мерасад. Яъне он хеле ва хеле қадимӣ қаламдод мешавад ва иде қадимтар аз Наврӯз, шояд ба ин зебоию мукаммалӣ вуҷуд надошта бошад. Ташреҳи номҳои хӯрокҳои миллӣ ва хӯрданиҳои миллие, ки хоси фасли Наврӯзанд, тасаввури хонандаро оид ба мардумияти ин ид бештар мекунад. Маҳз ана ҳамин мардумият ва инсонпарвар будани табиати иди Наврӯз ин идро дар ақсои олам паҳн кардааст ва дигар халқҳо низ дар иди Наврӯз ормонҳои миллии худро дарёфтаанд. Ва ба таври табиӣ он хусусияти башарӣ касб карда, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво шаҳомату бузургиҳои нав дарёфтааст. Бар хилофи таъқибҳо, барҳамдиҳиҳою динӣ эълон карданҳо Наврӯз на танҳо аз байн нарафт, аз хотирҳо зудуда нашуд, балки иди башарии талқинкунандаи зебоию бародарию баробарӣ боқӣ монд. Зеро дар варақҳои сабзу пургули баёзӣ Наврӯз риштаи мантиқии гуфтугӯи тамаддунҳо ва ниёз доштани башар ба ваҳдату ҳамдилӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷой дорад. Ин омил созгор аст бо ниёзҳои имрӯзаи аҳли башар.
Инро ба инобат гирифта, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иди Наврӯз ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии башарият дохил карда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ боиси ифтихори мо-тоҷикон гардид ва моро хубтару беҳтар дар дунё муаррифӣ намуд. Иди Наврӯз мақоми байналхалқиро касб кард. Дар ин замина барои кишвари соҳибистиқлоли мо шароити хубе фароҳам омад, ки фарҳангу забону анъанаҳои миллии хешро ҳифз, тарғиб ва эҳё намоем. Ҳамчунин дар шинохти миллату давлати мо созгор будани иди Наврӯз дар арсаи ҷаҳон ҳам камаҳамият нест. Аз ин рӯ, таҷлил, тантана, бузургдошти Наврӯз ва суннату маросими он дар эҳёи анъанаҳо, фарҳанги миллӣ нақши бориз дошта, ба амалишавии сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мусоидат мекунад.
Усмон БИЛОЛӢ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...