«Ман нони тоҷикӣ хӯрдаам!»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 383
Мавзуна Чориева, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Лондон-2016, дар яке аз мусоҳибаҳои хеш чунин нақл мекунад:
-Дар яке аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, пеш аз баромадан ба ринг, бо муштзани англис ҳамсуҳбат шудам. Ӯ ба ман дар бораи витамину хӯрокҳои серғизо хӯрданаш нақл мекард.
Мегуфт, ки чанд моҳ фалон витамин, пасон чанд моҳи дигар фалон витамин ва пеш аз Ҷоми ҷаҳон як витамини 500 доллараро харида хӯрдааст, то ин ки неруманд шавад.
Барояш духтурон ва мураббиён хӯрокҳои махсус омода мекардаанд.
-Ту чӣ? Чи гуна хӯроку витаминҳо истеъмол мекунӣ ? - гуфта ба Мавзуна савол медиҳад?
- Ман ҳаргиз ин гуна витамин ва ягон хел хӯрокҳои махсус истеъмол намекунам, - кӯтоҳ ҷавоб медиҳад Мавзуна.
Муштзани англис дар тааҷҷуб мемонаду механдад. «Дафъаи дигар ҳардуи онҳо дар ринг вомехӯранд. Тамоми вақти қувваозмоӣ бо ӯ «витаминҳову хӯроки серғизояш» аз зеҳнам дур намешуд», - нақл мекунад Мавзуна Чориева.
Баъди чанд мушти обдор задан, мебинад, ки ӯ калавида истодааст, Мавзуна аз миёни дастонаш як нигоҳ мекунаду бо тамоми қувва муште мезанад ва рақибро бо нокаут меафтонад. Баъдан болои сари рақибаш меравад ва вақте ӯ базӯр чашмонашро мекушояд, Мавзуна мегӯяд:
- Ман нони тоҷикӣ хӯрдаам.
Таҳияи
Т. Толибзода
(Аз китоби «Бонувон дар сиёсат»)
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00