Сайри ҷаҳон дар шаби соли нав
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 290
Шаби асосии солро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон чӣ гуна ҷашн мегиранд? Дар куҷо дар ин шаб кадом анъанаро нигоҳ медоранд ва кадом оинро риоя менамоянд? Дар куҷо соли навро тобистон таҷлил мекунанд? Мо дар поён дар бораи иди миллионҳо одамон далелҳои ҷолиб гирд овардаем.
Финляндия – финиҳо дар арафаи Соли нав бо мум фолбинӣ мекунаду дар хони идонаашон нӯшокиҳои зиёде мегузоранд. Таоми дӯстдоштаи онҳо дар ин ид кашаи биринҷӣ ва желеи олугӣ мебошад. Бобои барфиро дар Финляндия Йоулупукки “Бузи Мавлудӣ” меноманд. Зеро Йоулупукки ба аробаи бузкашӣ мегардад. Ӯ хуб мешунавад, хоҳиши солинавии худро ба ӯ бо овози паст бояд гуфт, то ин ки рӯҳи бад аз он бохабар нашавад.
Шветсия – кӯдакон дар арафаи Соли нав маросими интихоби маликаи нур Лючиро доир менамоянд. Маликаи нур либоси сафед ва тоҷеро ба бар мекунад, ки дар он шамъҳои фурӯзон гузошта, ба кӯдакон ва ҳайвоноти хонагӣ туҳфаҳо медиҳад. Ҷашни мазкурро нури чароғҳои дар кӯчаҳо ва дар хонаҳо фурӯзоншуда зебоӣ зам мекунад.
Испания – ҳар як испанӣ даҳ ангурро зери садои зангӯлаҳои маҳаллӣ дар арафаи Соли нав бояд хӯрад.
Тибқи боварҳо ин дар соли оянда ба ӯ баракат медиҳад. Дар мағозаҳо Испания ҳатто ангурро бе пуст ва дона низ мефурӯшанд.
Ветнам – барои ветнамиён Соли нав аз 21 январ то 19 феврал фаро мерасад. Бобои барфӣ –Тоа Куэна ном дошта, қобилияти парвоз кардан, идора намудани карпҳо ва ба дракон табдилёфтанро дорад. Барои амалӣ шудани орзуҳо онро бояд ба карпи ҳақиқӣ гуфта, онро ба об сар дод. Ин моҳии аҷиб ҳамон номаи орзуҳоро ба Худо мерасонад. Анъана шудааст, ки дар арафаи ин ҷашн ба якдигар таманниёти некро, ки бо рангҳои сиёҳу сурх навишта шудааст, тақдим намоянд. Таоми асосии идона хӯроки аз биринҷ омодашуда мебошад.
Эквадор ва Перу –дар шаҳрҳои бузурги ин кишварҳо мардум ба назди фолбину шаманҳо рафта, бо кумаки онҳо ояндаро фолбинӣ мекунанд. Бо тухм ва оби ҷав фолбинӣ кардан бештар маълум аст. Эквадорие, ки орзуи соли навро дар саёҳат гузаронидан дорад, ҳангоми садо додани зангӯла дар гирди хона бо ҷомадон чанд маротиба
бояд бидавад.
Таҳияи Наврӯз
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00