Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 8 варзигари вилоят чемпиони Тоҷикистон шуд


8 варзигари вилоят чемпиони Тоҷикистон шуд



Аз 12 то 17 декабри соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс баргузор шуд, ки варзишгарони вилояти Хатлон дар он фаъолона иштирок намуданд.

Рақобатҳо, ки миёни бонувон ва мардҳо сурат гирифт, 175 муштзан иштирок карданд. Шумораи занон 57 нафарро ташкил дод, ки дар таърихи чемпионат рекорд аст.

Дар натиҷа, варзишгарони вилоят ба гирифтани 30 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 8 медали нуқра ва  14 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Варзигарони вилоят - Меҳроҷиддин Баротов (-48 кг),  Абубакр Муродзода -(60 кг)  миёни мардҳо ва Рухсора Қурбонова (-52 кг), Фариза Ёқубова (-54 кг), Мавзунаи Аҳмадҷон (-63 кг), Малика Нозимова (66 -кг), Мавлуда Одинаева (-70 кг), Дилрабо Холмуродова (-75 кг) миёни бонувон ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 даст ёфтанд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим кард: ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра – 3000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода