Муаллим 9 бор «Тоҷикон» хондааст!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 483
Мадамин Абдулҳамидови 74-сола, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №16, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз иштирокчиёни фаъоли даври ниҳоии озмуни “«Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат” мебошад. Ӯ дар даври вилоятии ин озмуни бонуфуз ҷойи дуюмро сазовор шудааст.
-Чӣ эҳсос фаро гирифтааст шуморо ин лаҳзаҳо?
-Ифтихор мекунам ки дар даври 4-уми озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» иштирок дорам. Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки сазовори ҷойи ифтихорӣ мегардам.
-Мақсади ширкататон дар озмун ҷоиза аст?
-Мақсади аслиям на ҷоиза аст, балки гузаштаи таърихи худро омўхтан ва ба аҳли деҳаву ноҳияи худ расондани ин таърихи бою рангин ва арзишманду қадимӣ аст. Ҳарчанд 10 сол таърих мехонам, таърихи халқи тоҷикро. Асари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро ба воситаи як кас 5-6 сол пеш ба нархи 100 сомонӣ харида будам.
-Зарурати баргузории ин озмунро дар чӣ мебинед?
-Агар озмун лозим намешуд, як миллиону шашсад ҳазор нусхаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров нашр намегашт. Агар боз ин китобро бо нархи 100 сомонӣ, ки ман харидам, ҳисоб кунем, яксаду шаст миллион сомонӣ мешавад.
Дар воқеъ, кору кирдор, дилсӯзии ӯ ба фарҳангу санъату илму адабиёт ва тарзи роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болост. Ифтихор мекунам, ки чунин Ватан дорам, Тоҷикистон дорам.
-Асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро чанд дафъа мутолиа намудед?
-Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро 9 бор хондам. Китобҳои дарсии мактаби миёнаро аз синфи 5 то 11 ҳар сол дуборӣ мехонам. Гузашта аз ин барои озмун «Чеҳраҳои мондагор», «Аз Ориён то Сомониён», «Исёни Муқаннаъ, «Куруши Кабир», «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тахти вожгун», «Восеъ» ва хеле китобҳои дигари таърихиву бадеиро хондам.
-Аз китобҳои мутолианамуда ба чӣ натиҷаи расидед?
Гузаштаи худро фаҳмидам, ки ман тоҷикам, тоҷдорам, авлоди ман аслзода будааст ва имрӯз медонам он касоне, «тоҷикон туркҳои форсизабонанд, ки дар зери таъсири адабиёти форс забонашонро гум кардаанд» мегуфтанд, хато мекунанд.
Фаҳмидам ки миллати тоҷик қадимитарин миллати олам будааст. Мо маданияти бой дорему миллати бофарҳангем, аз дигар миллатҳо хеле пешрафтаем.
Мусоҳибаи Раҳима Аъзам
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00