Бибӣ Марям: «Худовандо, фарзандамро аз халқ ҷудо накун!»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 288
Бибӣ Марям Шарифова, модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳа мисли дарахти пурборе буд, ки дар шохааш мурғҳои марҷон роҳат ғунуда ва ҳама дар паноҳи сояи ин ҳумоюндарахт оромишу саодат доштанд, маслиҳат гирифта, рӯишу сабзиш медиданд.
Агар бо садҳо занону бонуҳое, ки Бибӣ Марямро аз наздик мешинохтанд, ҳамсуҳбат шавед, бо як мазмун ва самимона дар васфу ситоишаш мегӯянд: «Бибӣ Марями муқаддас пирони хастаро ба ханда водор менамуд, ятимонро хурсанд мекард, ниёзи бенавоёнро бароварда месохт, дармондагонро бекасу танҳо намегузошт, дасти уфтодаҳоро мегирифт, бар сари болини беморон мегузашт, модарони серфарзандро парасторӣ мекард. Ин модари ғамхору дилсӯз дар дилу дидаи ҳамагон он гуна азизу мукаррам ҷо гирифтааст, ки ҷаннати дарбастаро дар зиндагӣ барои худ боз сохтаанд».
Ин ҳама сифатҳову хиради азалии модари муқаддас - Бибӣ Марям ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерос монданд. Зеро ба ҳар иқдоме, ки фарзанди фарзонаи миллат камар мебанданд, дасти дуо бардоштани модари арҷманд ҳатман пеши назарашон меояд ва тамоми ташаббусу эҳтимоми созандаашон ҳатман ҷомаи амал мепӯшад. Чаро ки модари покниҳод дар зиндагӣ ҳамеша аз рӯйи лабонаш ин гуна дуо мерехт: “Парвардигоро, фарзандам аз миёни халқ баромадааст, ҳеҷ вақт аз халқ ҷудояш накун!”
Ин аст, ки муҷассамаи боҳашмати «Дасти дуои модар» дар Хуҷандшаҳри бостон қомат афрохту дар дилу дидаҳои ҳазорон ҳазор ваҷду шодӣ саршор барангехт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гоҳи пазироии иншооти ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойи ин шоҳкории нотакрор, ҳарчанд ки ҳаво сард буду шамол мевазид ва майдаборон ба сару рӯ рехта, дар ду чашмаш ашки гарм ҳалқа зада буд, амиқан ба дунёи андеша фурӯ рафтанд; ҷаҳони фарогиру чеҳраи модарашонро бо муҳаббат пеши назар оварда, бунёди муҷассамаро аз бузургтарин арҷгузорӣ, эҳтироми хосу волои фарзандон ба тамоми модарони шарафманди тоҷик донистанд.
Сайдаҳмади ЗАРДОН,
адиб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00