Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро... ё худ 41 ҳунари як омӯзгор


Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро... ё худ 41 ҳунари як омӯзгор



Кор дар замин чилуякум ҳунари ӯст. Бо рехтани арақи ҷабин дар замин ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Ризқи ҳалол ёфтанро аз замин шарафи хеш медонад ва ин корро то ҳанӯз пеш бурда истодаат. Ӯ омӯзгор аст, на кишоварз. Вале ба замин назари некбинона дорад. Қаҳрамони мо роҳбари кордону соҳибном Нуралӣ Табаров аст, ки бо меҳнати софдилонаву фидокориаш байни хосу ом мавқеъ дораду иззатманд мебошад.

Нуралӣ Табаров 2 январи соли 1950 дар шаҳри Норак дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Шӯру шавқи соҳаи омӯзгорӣ баъд аз хатми мактаби миёна бо талошҳои зиёд ӯро донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон намуда, соли 1987 онро бо муваффақият хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгориашро дар муассисаҳои шаҳри Норак шуруъ намуда, ҳамчун омӯзгори ҳалиму ғамхор дар қалби шогирдон чароғи илму адабро равшан намуд. Чун аз суҳбати самимии Н. Табаров баҳравар шудем, огаҳӣ ёфтем, ки ӯ то ин замон дар пешаи сангину заҳматталаб фаъолияти самарабахш намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузоштааст.

Соли 2015 роҳбарии МТМУ №10-и шаҳри Норакро ба зиммааш мегузоранд. Бо дастгирии фарзандони нексиришту хайрхоҳи соҳибкораш бинои дуошёнаи мактабро ба тарҳи наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароити муосир месозад. Соли 2016 бо ташрифи, Пешвои миллам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассиса ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хонандагон дар як муҳити зебову барҳаво ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд.

ТАҶРИБАИ КИШОВАРЗӢ

Таҷриба, ҳунару маҳорат, масъулияту серталошӣ қаҳрамони моро водор сохт, ки заминҳои бекорхобидаи дохили муассисаро ба гардиши кишоварзӣ дарорад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани ҳар қитъа замин, соли 2016 як гармхонаи ноободу валангорро аз нав эҳё намуда, дарахтони хуби лимуро парвариш намудааст. Ҳоло дарахтони лиму ба  самар расида, ҳосили табъи дил дода истодаанд. Чи тавре ки худи ӯ мегӯяд: “Ҳамасола мо аз ин дарахтони лиму ҳосили хуб ба даст оварда, як ҳиссаашро дар ошхонаи муассиса истифода мекунем ва миқдори зиёдашро ба фурӯш мебарорем. Дар як сол аз 2 то 8 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорем. Бо ин миқдор маблағ дар бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ва дар таъмиру азнавсозии биноҳои муассиса самаранок истифода мебарем”.

БА ИҶРОИ БАРНОМАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ САҲМ МЕГУЗОРЕМ

Дар баробари бунёди гармхонаи лимупарварӣ боз ду гармхонаи дигар сохта шудааст, ки дар онҳо зироатҳои кишоварзӣ бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ ва кабудиҳо парвариш карда мешавад. Аз ҳосили хуби зироатҳои кишоварзии дохили гармхона чаҳор фасли сол ошхонаи муассиса бо сабзавотҳои тару тоза ба пуррагӣ таъмин карда мешавад. Ба ин васила дар барномаи ғизои мактабӣ саҳми арзандае мегузоранд.

Сафарзода Аслия, масъули барномаи ғизои мактабӣ дар шаҳри Норак, мегӯяд: «Бо ташаббуси роҳбари кордону масъулиятшинос таъмини ғизои мактабӣ дар ин муассисаи таълимӣ дар ҳолати хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ошхонаи мактаб аз ҳисоби гармхонаҳо бо сабзавотҳои тару тоза таъмин  мебошад. Зеро ғизои солим дар ташаккули неруи хонандагон нақши асосӣ мебозад». Ва боз дар идомаи суҳбат илова намуд, ки муассисаитаълимии №10 дар қиёс ба дигар муассисаҳо тафовути бештар дорад. Чунки дар баробари бунёди гармхонаҳо боз дарахтони мевадиҳанда низ парвариш карда мешаванд.

Роҳбари ободгар Нуралӣ Табаров ҳанӯз аз даврони наврасӣ дар замираш ба самти замину заминдорӣ назари нек дошт. Ӯ пайваста пайи кишту кор, сабзу хуррам намудани заминҳои бекорхобида талош меварзаду дар замин кор карданро шуғли писандидаи хеш медонад. Чароғи созандагию бунёдкорӣ ҳамеша дар қалбаш фурӯзон аст. Тавре Н.Табаров зикр кард: “Лаҳзаи роҳбари муассиса шуданам атрофи мактаб ба мисли ҷангалзор хазону сангзор буд. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ба роҳ мондани омилҳои агротехникӣ тавонистем як ҷои ноободро боғзор кунем. Соли аввал дарахтони гуногунро шинонида, баъдан навъҳои гуногуни дарахтони хубро аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастрас намуда, пайванд кардам. Ҳоло дарахтон нашъунамои хуб дошта, аз онҳо ҳосили хуб ба даст меорем”.

Воқеан, Нуралӣ Табаров дар роҳи тарбияи шогирдони худ умри хешро сарф кардааст. Ӯ ҳоло аз меваҳои шаҳдбори дарахтоне, ки муддати тӯлонӣ парвариш намуда, ба камол расонида буд, ком ширин мекунад.

Абдулло РИОЕВ , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода