Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Хӯшае аз хирмани омӯзгор


Хӯшае аз хирмани омӯзгор


Моҳи октябр барои омӯзгорон моҳи хос мебошад. Зеро якшанбеи аввали ин моҳ дар тақвим “Рӯзи омӯзгор” ном дорад. Кулли кормандони соҳаи маориф вобаста ба ин санаи муборак кӯшиш менамоянд, ҷашни касбии худро бо дастовардҳое, ки самари заҳмати софдилона ва содиқона ба миллату давлат мебошад, муносибу сазовор пешвоз бигиранд.

Таҳким бахшидани пояи маърифати ҷомеа, бахусус, насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат, қадрдонӣ аз фарҳанги бостонии тоҷикон тарбия намудани онҳо аз вазифаҳои бунёдии омӯзгорон мебошад. Ҳамзамон, тавсеаи омӯзиши фанҳои дақиқ, рушд додани тафаккури илмии хонандагон аз рисолатҳоест, ки омӯзгорон имрӯз бар дӯш доранд ва баҳри иҷрои он шабонарӯзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Суханони Пешвои миллат дар мавриди ин, ки “бунёди ҷомеаи мутамаддин бе маориф имкон надорад” ва “бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад” дар ин росто илҳомбахши онҳо мебошад.

Боиси хушҳолист, ки айни ҳол барои рушди соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон силсилаи ғамхориҳо дар назар гирифта шудаанд, ки аз ин миён метавон бо хушнудӣ мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, ҳамчунин воситаҳои дигари ҳавасмандгардонии хонандагони аълохону эҷодкорро зикр намуд. Дастрасӣ ба квотаву стипендияҳои президентӣ ва баҳраманд шудан аз бурсияҳои таҳсил барои илму ҳунаромӯзӣ дар хориҷи мамлакат намунаи дигари чунин ғамхориву таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва насли фардосози мо мебошад.

Дар посух ба чунин ғамхориҳо омӯзгорони вилоят талош менамоянд, ки нишондодҳои самарабахши соҳаи худро афзун намуда ва роҳҳои нави таълиму тарбияро пайдо намоянд, дар сабқатҳои гуногуни илмиву фаннӣ ширкат варзида, ғолиб бароянд ва самараи заҳмати худро бо дастовардҳои мушаххасу муносиб муаррифӣ созанд. Чунончӣ, дар давоми сол хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ бисту ҳафт медали тилло, сад медали нуқра ва дусаду панҷоҳу ҳашт медали биринҷӣ ба даст оварданд. Илова бар ин, онҳо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ ба мисли “Дониш дар Анталия” (забони англисӣ, русӣ, биология, география, физика), “Тенегл” (забони англисӣ) “Pangea Math World” (забони англисӣ), “Имас” (математика), “Ҳиппо” (математика) “Имек” (математика), “Кенгуру” (математика) миқдори зиёди ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, сатҳу сифати дониши насли навраси Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки имсол дар озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ҳаждаҳ нафар хонандагони болаёқати ҳудуди вилоят аз санҷиши ниҳоӣ бомуваффақият гузашта, ба гирифтани аттестати аъло мушарраф гардиданд.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати хонандагон ва рушди касбии омӯзгорон ҳамвора тадбиру ташаббусҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, барои бароварда шудани аҳдофи зикршуда озмунҳои вилоятии “Ифтихори ватандорӣ”, “Беҳтарин донандаи кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оилаи масъулиятшинос” дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута ва сабқати “Беҳтарин директори муассисаи таълимӣ”-ро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров баргузор намуд. Дар форуми ҷумҳуриявии “Омӯзгори навовар”, ки бисту нуҳ лоиҳа аз ҳар канори ватанамон пешниҳод шуда буд, лоиҳаи омӯзгори муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева ғолиб омад ва ӯ ба даври байналмилалӣ роҳхат гирифта, дар кишвари Португалия номи омӯзгорони Тоҷикистонро баланд бардошт. Дар идомаи муваффақиятҳои ёдшуда бо камоли мамнунияту умедворӣ бояд аз озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «“Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат» низ ном бигирем, зеро бовар дорем, ки дастпарварони маорифи вилоят дар онҳо ҳатман зинаҳои ифтихориро ишғол хоҳанд кард.

Дар пешорӯи ҷашни касбии Рӯзи омӯзгор тамоми кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлонро бо ин санаи муборак табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, пирӯзиву зафармандӣ ва дастовардҳои нави касбиро таманно дорам.

Рӯзи омӯзгор муборак, ҳамкасбони азиз!

Ғазалшоҳ САФАРЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода