Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Аз ҳарзагӯии баъзеҳо то ҳақиқати хизмати ҳарбӣ


Аз ҳарзагӯии баъзеҳо то ҳақиқати хизмати ҳарбӣ



10 моҳ аст, ки ман сарбозам. Насиб 50 рӯз баъд хизмати аскариро бо сари баланд адо мекунам. Вақте ки донишгоҳро хатм кардем, ба мо ду роҳ буд. Хизмат дар сафи ҚМҶТ ва ё ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан. Дар ҳамон шабу рӯзҳое, ки мо донишгоҳро хатм кардем, муноқиша марзи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон мерафт. Ман медидам, ки қирғиз чи гуна ҳамлаҳои таҷовузкорона ба хоки сарзамини мо мекунаду бо тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор месохт. Ин амали ҷониби қирғиз маро ба нанг овард то сарбоз шуда, ҳар қадаре тавонам барои дифои ин кишвар талош намоям.

Ҷавонӣ давраи зебост, нотакрор, лаззатбахш ва барнагарданда. Ин давраест, ки инсон худро месозад. Дар ин давра инсон баркамолу шуҳратманд мегардад. Барои ман ҳам давраи рушд буд. Чанд моҳ шуда буд, ки ман мудири шуъбаи мултимедияи рӯзномаи “Хатлон”-ро ба уҳда доштам. Вале меҳри Ватан ва ҳимояи он маро ба қисми ҳарбӣ овард. Инак, қариб як сол мешавад, ки адои хизмат мекунам ва то ба рутбаи ҳарбии сержант сарфароз гардидам.

Чаро ман дар бораи худ гуфтам? Барои он нафароне, ки аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд ва он нафароне, ки дар бораи Артиши Тоҷикистони азизи мо ҳар гуна суханони ноҷо мегӯянд, ман бо боварии том гуфта метавонам, ки агар як шаб ҳамчун сарбоз дар ҷойи ман бедорхобӣ кашад, ба куллӣ фикрашро иваз мекунад. Ҳайрон аз он мешавам, ки чаро ҷавонони солим аз хизмат мегурезанд. Оё фикр намекунанд, хизмат мактаби мардонаги аст.

Рӯзе барои хизмати шоиста ва софдилона ба ман мураххасӣ доданд. Ман ба дидорбинии ҳамкоронам мерафтам. Офтобнишин буд. Дар гулгашти Ҷалолиддини Балхии шаҳри Бохтар як гурӯҳ ҷавондухтарон нишаста бо ҳам суҳбат доштанд. Ногаҳон чашми яке ба ман афтод ва ҳама ба ман нигаристанд. Вақте ки ба онҳо наздик шудам, якеашон гуфт: Ту сарбозӣ, ҷисман обутоб ёфтаӣ? Пас чаро аксар ҷавонон аз хизмат саркашӣ мекунанд. Ба духтарон хизмати аскарӣ мумкин нест, вагарна ман рафта як сол хизмат мекардам.

Сухани он духтар ба шакл одист, вале ба мазмун онро мемонад, ки ҷавонписароне, ки аз хизмат мегурезанд, иродаи ҳатто духтаронро надоранд.

Дар давоми як соле, ки ман дар сафи артиш адои хизмат мекунам, надидаам ҳолатҳоеро, ки муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ вайрон карда шавад. Ҳар моҳ ду ва ё се маротиба аз ҷониби прокуратураи ҳарбӣ ва аз ҷониби КДАМ дар вилоят Хатлон омада ҳайати шахсиро тафтиш мекунанд. Ҳама инҷо бародаранд. Мушт ба мушти ҳамдигару пушт ба пушти якдигар гузошта, мушкилии ҳамдигарро ҳал мекунанд.

Ин ҷо мактабест, ки дар он сабақи хуб бардоштан мумкин аст. Масалан, ман дар хизмат қалами худро дар самти навиштани матлаб боқувват мекунам. Тартиб додани реҷаи рӯзамро меомӯзам. Бо хондани китобу рӯзномаҳо дар вақти холигӣ донишамро пурра месозам. Бо машқи бадан машғул мешавам.

Даҳҳо чизҳои дигаре ҳаст, ки танҳо дар инҷо омӯхтан мумкин аст. Лаҳзаҳои хубу хотирмони он хело зиёд аст. Сари як миз нишастану бо ҳам хӯрок хӯрдан ва ё дар гулгашти қисми ҳарбӣ якҷо нишастану қиссаҳо ва сурудхонӣ карданҳо хотирмонтарин лаҳзаҳост. Ҷолибтарин лаҳзаҳо он аст, ки дар ҳар як иду ҷашнвора Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бо чорабиниҳои варзишӣ ва тақдими сипосномаву туҳфаҳо ба сарбозон ҳадя мекунанд. Барои мисол, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳайати шахсии сарбозони қисми ҳарбии 07256 либосҳои ягонаи варзишӣ туҳфа карда шуд, ки аз ин пас дастаи футболи қисми ҳарбӣ дар мусобиқаҳои футбол байни дигар дастаҳои футболи қисмҳои ҳарбӣ бо либосҳои ягона баромад мекунанд.

Ба ин монанд аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ таваҷҷуҳ ба сарбозон хело зиёд аст. Ҳар гоҳе ба рухсатӣ мебароем, моро бо либоси низомӣ мебинанд, нигоҳи мардум дигар аст. Ба таксӣ менишинем, аксарияти ронандаҳо аз мо роҳкиро намегирад. Чаро, гуфта мепурсем? Чунин ҷавоб мегӯянд: «Шумо хизмат карда истодаед, ки мо оромона ронандагӣ мекунем». Ё модаре моро  бинад, ду дастро бардошта дуои нек медиҳад.

Хизмат ҷойи муқаддас аст. Аз ин рӯ, ба ҳамаи ҷавонони тоҷик муроҷиат карда мегӯям, ки омада як ва ё ду сол хизмати Ватан-Модарро адо куннанд. Чун то ин дам шумо ҳар куҷое, ки хостед рафтед, дар ҳар куҷое, ки хостед хоб кардед, ҳар куҷое, ки хостед таҳсил кардед, ҳар бегоҳе, ки хостед ҳамроҳи хоҳару додари худ ба сайру гашти гулгаштҳо баромадед. Чаро? Чун сарбозе, писари як модаре дар хатти марз бедорхобӣ кашид. Ҳама молу кори дунё қарз аст. Имрӯз навбати шумост, ки ҷои он сарбозонро иваз кунед. Ману шумо, ки ҷавонони тоҷик ҳастем, агар барои ҳимояи сарҳади Ватани худ камари ҳимат набандем, ҳеҷ каси бегона омада Ватани моро дифоъ намекунад. Ман ба шумо бовар дорам, ҷавонони азиз!

Набиҷони Саидаброр,
сержант аз қисми низомии 07256
(Комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода