Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ҶАМШЕД ШАРИФЗОДА: ХОНАНДАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 60 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД


ҶАМШЕД ШАРИФЗОДА: ХОНАНДАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 60 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД



Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар давоми шаш моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба буҷети маҳалии ноҳия 76 миллиону 630 ҳазору 640 сомонӣ ворид гардид, ки иҷроиши нақшаро 101 фоиз таъмин намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 16 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 

Гуфта шуд, ки дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии онҳо 48,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар шаш моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 66 миллиону 115,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 6 миллиону 488,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 111,9%-ро ташкил медиҳад. 

- Тавассути тадбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 668 нафар шаҳрванд ба ҷои кор таъмин гардидаанд, ки аз ин 324 нафарашонро занон ташкил намуда, 50,6 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. 

- Дар соли таҳсили 2023-2024 дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар иштирок ба олимпиадаҳо назаррас буда, дар маҷмуъ хонандагон 214 медалро соҳиб шуданд, ки аз ин шумора дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ дар маҷмуъ 98 медал: аз ин шумора 19 тилло, 17 нуқра ва 67 биринҷӣ, дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ 56 медал: аз ин шумора 1 медали тилло, 8 медали нуқра, 47 медали биринҷӣ, дар олимпиадаи байналмилалӣ 60 медал: аз ин шумора 8 медали тилло, 30 медали нуқра, 22 медали биринҷӣ гардониданд. 

Маврид ба зикр аст, ки Худойқулова Омина, хонандаи синфи 9-и литсейи давлатии №1 дар олимпиадаи байналмиллалии "Тинигл" аз 18 то 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир аз фанни забони англисӣ дар даври ниҳоӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Илова бар ин, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 Давлатзода Масрур ғолиби стипендияи махсуси давлати Венгерия гардид, ки маблағи он 50 000 доллари амрикоиро ташкил дода, барои таҳсили чорсолаи ӯ дар донишгоҳи Венгерия кифоягӣ мекунад. 

- Дар шаш моҳи соли 2023 дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 2960 таваллуд, 415 сабти вафот, 800 ақди никоҳ, 50 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ, 952 сабти муқаррар кардани падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. 

- Варзишгарони ноҳия дар ин муддат дар 11 мусобиқа, чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 16 медал: аз ҷумла 3 медали тилло, 7 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия ҳамагӣ 11019 нафар сайёҳ ташриф оварданд, ки аз он 10494 нафар сайёҳи дохилӣ ва 525 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошанд. 

“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода