Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ХИСОРОТИ ҶОНИИ САДАМАИ КӮЛОБ МАЪЛУМ ГАРДИД


ХИСОРОТИ ҶОНИИ САДАМАИ КӮЛОБ МАЪЛУМ ГАРДИД



Дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки шоми 6 августи соли ҷорӣ дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Шарофиддин Рустамов, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки аз ин 8 нафар дар ҷои ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона вафот карданд. 

Ҳамчунин, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки аз ин 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Инчунин, айни замон 1 нафар аз беморхона ҷавоб дода шудааст. 

Бояд ёдовар шуд, ки шоми 6 август, тахминан соати 19:30, дар шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳиши нақлиётӣ шуд, ки дар натиҷа хисороти калони ҷонию молӣ ба бор овард.
Мошини боркаши тамғаи Дулан дорои ядак (прицеп) рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, даҳҳо нақлиётро бо мусофиронаш зер карда, хонаеро чаппа гардонидааст.
Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода