Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Шаҳритус: БО САҲМИ КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОН 8 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БУНЁД МЕШАВАД


Шаҳритус: БО САҲМИ КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОН 8 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БУНЁД МЕШАВАД



Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус, бо саҳми кумитаи падару модарон дар муассисаи таълимии №53-и ноҳияи мазкур сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ ҷараён дорад.

Иқдоми мазкур аз тарафи волидайни хонандагони ин таълимгоҳ роҳандозӣ гардида, барои муҳайё кардани шароити таълиму тарбия ба фарзандон дастаҷамъона саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани синфхонаҳои мазкур мушкилоти ҷойи нишасти хонандагон аз байн хоҳад рафт. Зеро ҳамасола бо зиёд шудани шумораи толибилмон дар муассисаи таълимии мазкур низ ба ҷойи нишаст ниёз пайдо шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода