Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҳавои моҳи август дар вилояти Хатлон чӣ гуна хоҳад буд?


Ҳавои моҳи август дар вилояти Хатлон чӣ гуна хоҳад буд?




Ҳавои моҳи охирини тобистон - август ба обу ҳавои моҳи августи соли 2001 монанд хоҳад шуд. Дар ин хусус Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳои дигар 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ **ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, **дар водиҳо 26+28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23 дараҷаро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 19+24 то 14+19 дараҷа гарм, рӯзона аз 36+41 то 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Бориш асосан дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар назар буда, миқдори моҳонаи онҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0-1 мм, дар доманакӯҳҳо 0,4-3 мм-ро ташкил медиҳад.
> Боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол дар аввал ва охири моҳ ба амал оянд.

Ҳангоми ба амал омадани бориш эҳтимоли шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ чангу ғубор ба амал меояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода