Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Соли 2023 - Соли ҳифзи меҳнат


Соли 2023 - Соли ҳифзи меҳнат




Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 1606 узви Кумитаҳои Иттифоқҳои касаба дар вилояти Хатлон барои солимгардонӣ ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шудаанд.

Дар ин бора Абдурозиқ Ризозода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, зимни нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки дар ин баробар 18 нафар кишоварзон аз ҳисоби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят барои истироҳату табобат ба осоишгоҳҳо фиристода шуданд.

- Соли 2023 аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ “Соли ҳифзи меҳнат” эълон гардидааст, - идома дод А. Ризозода. - Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи "Меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024"-ро қабул кардааст. Ҳадафи барномаи мазкур бо ҷойи корӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо мебошад. Дар ин самт бо ҷалби мутахассисони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон семинар-омӯзишҳо оид ба ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатнигорӣ, қабули шаҳрвандон, ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон гузаронида шудааст.

Ф. Баротова, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода