Гар шиновар нестӣ...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 428
Тобистони имсола гарм омад. Ба болои ин хокрезишҳои чандрӯза мушкилии зиёдеро пеш овард. Бахусус дар чунин ҳолат шахсони гирифтори бемориҳои қанд, диққи нафас (бронхит), сактаи дил, фишорбаландӣ ва калонсолон азоб доранд.
Иддае аз ин беморон ҳатто ба огоҳӣ ва тавсияҳои мутахассисон нигоҳ накарда, бе чатру кулоҳу доруҳои ёрирасон ва обҳои ташнагишикан берун аз хона шуда, бидуни зарурат ба сайругашти кӯча мебаромаданд. Зери офтоби сӯзон гашта, саломатиашон якбора коҳиш меёфт ва ҳатто ба беморхона меафтоданд.
Дар ин маврид мақоли мардумӣ мефармояд: “Одам на тоқати гармӣ дораду на тоқати хунукӣ”. Бале, имрӯз хурду бузург барои раҳоӣ ёфтан аз гармии офтоб ҷойи салқин-зери дарахту канори ҷӯй ва дарёҳоро меҷӯянд. Аксарият, бахусус кӯдакону наврасон ва ҷавонон барои рафъи гармӣ дар наҳру дарё оббозӣ карданро интихоб мекунанд. Мутаассифона, аз шиновариро наомӯхтан, таваккал кардан, аз ҳамсолони худ таъна нашунидан ба ҷойи наҷотёбӣ аз гармии офтоб ба панҷаи аҷал мешитобанд. Яъне оббозиро натавониста, дар оби тезҳаракату пуртуғён ё гирдоби ногаҳонӣ ғарқ мешаванд.
... Рӯзе аз назди ҷӯйбори “Бибихонум” мегузаштам. Дар канори он ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Махсусан қиёми рӯз он ҷо пуропури одам аст. Хурду бузург дар ин ҷо ҷамъ меоянд.
Ёдовар мешавем, ки ба таъкидҳои ҳамарӯзаи масъулину кормандони идораи ҳолатҳои фавқулода ва навиштаҷоти огоҳкунандаи “Дар ин ҷо оббозӣ кардан қатъиян манъ аст!” нигоҳ накарда, боз гурӯҳ-гурӯҳ оббозӣ мекунанд, ё худ бо пойҳои овезон соатҳо нишаста, ҳатто баъзан ғанобашон мебарад ва ғайра.
Дар яке аз чунин рӯзҳо шоҳиди ҳодисаи нохуше шудам. Гурӯҳе аз ноболиғону наврасон дар канори ҷӯйбори “Бибихонум”, ки ҷараёни обаш тезу гӯё наъра мезаду садои нохуш мебаровард, нишастаанд. Чунин ҳолати ҳаракати обро калонсолон “дарё ташнаи хун шудааст”, мегуфтанд. Наврасон яке бо хоҳиши худ вориди об мешуд, дуюмӣ аз баландӣ сарозер мепарид, бехабар аз он ки дар зери об санг ва симу оҳанпораҳо мавҷуд аст, сеюмӣ аз об ваҳмида дар як канор менишаст. Баъзе бачаҳои “шӯх” бошанд, бачаи тарсуро ба оббозӣ даъват мекарданд.
Навҷавон натавонистани оббозиро баҳона пеш меовард. Вале ҷӯраҳои якраваш ӯро ба ҳолаш намонданд. Аз дасту пойҳояш дошта, ӯро зӯран ба об партофтанд. Бачаи дар обу арақ ғӯтида ва тани аз гармӣ тасфидааш дар оби сард шах (рагкашӣ) шуда монд. Ӯро об гоҳе ба қаъраш фурӯъ мебурду гоҳи дигар болои об мебаровард. Вале ҳамроҳонаш ҳамоно ба ҳолаш механдиданд ва масхарааш мекарданд. Дуртар аз он марде нишаста буд, ин ҳолатро дида, барои наҷот додани наврас худро ба об афканд. Баъди масофаи дурро шино кардан ғарқшударо наҷот дод...
Бинед, як ҳазли беҷо қариб буд, ки мӯҷиби марги нафаре шавад.
... Холаи М. чанд вақт боз мотам дошт.
Шавҳараш бе ягон дард, ногаҳон аз олам даргузашт. Ин мусибат барои зан ғаму дарди зиёд буд. Акнун ягона писараш асои дасташ шуда. Ҳамон рӯз зан худро нороҳат ҳис мекард.
Шаб хоби ғалатӣ дид, шавҳар ба хобаш даромада буд. Ӯ ба завҷаи ғамзадааш мегуфт, ки писараш бисёр пазмон шудааст, мехоҳад як маротиба рӯяшро бинад. Зан хоҳишашро ба ҷо оварда, ӯро ба ҳуҷраи хоби писар бурд ва рӯи писарро нишон дод. “Занак, ӯро эҳтиёт кун, писар нишонаи ман аст”, гӯён мард якбора аз назари зан дур шуд.
Модар хоби дидаашро ба писар нақл карда дод ва хоҳиш кард, ки худро эҳтиёт кунад.
Писар низ “Ман ҳам падарҷонамро ёд кардам”, гӯён модарро тасаллӣ дод.
... Модару писар рӯйи ҳавлӣ ба коре машғул буданд. Дар ин вақт ду рафиқи ҷавон ба ҳавлӣ даромада омаданд. Онҳо ӯро ба оббозӣ даъват карданд. Инро шунида модар ба оббозӣ рафтани писарро иҷозат надод.
Бачаҳо бо хоҳиши зиёд, “мо дар ҷойи бехавф оббозӣ мекунем”, гӯён модарро розӣ кунониданд.
-Фарзандонам, худро эҳтиёт кунед, об ҷойи хавфу бехавфӣ ё тезу оромӣ надорад.
Ҳар рӯз хабари нохуши дар об ғарқшавии кӯдакону наврасонро мешунавед, худро эҳтиёт кунед,-гуфт модар.
Ҷавонон гашти рӯз барои оббозӣ ба ҷӯйбори “Бибихонум” рафтанд. Рӯз бегоҳ шуд, аммо аз бачаҳо хабар набуд. Модар шабро беруни дарвоза, бо бехобӣ рӯз кард. Рӯзи нав низ аз писар дарак нашуд. Хавотирии модар афзуд. Ҳамсоязанҳо барои дастгирии зан меомаданд. Боз рӯзе гузашту шаб омад.
Аз ҷавон ҳамоно дарак набуд. Ҳамсояҳо дар об ғарқ шудани се ҷавонро шунида, тахмин карданд, ки ғарқшудагон ҳамин се ҷавонанд. Барои эҳтиёт ин хабарро ба модар нарасониданд.
Баъди ду рӯз ҷасади ду ҷавон-ҳамроҳони писари занро аз об бароварданд. Ҳафтае пас ҷасади беҷону афгору вайроншудаи писари занро низ ёфтанд. Онро дар порае аз матоъ печонида, ба хона оварданду рӯю бадани писарро ба модар нишон надоданд. Ҳамин тавр, модар рӯйи писарро надида, “Хобам рост баромад”, гӯён фиғон бардошт. Аз нолаву афғони модари танҳомонда замин зери по месӯхту синаи осмон мешикофт...
Ҳодисаи дигар. Зани ҷавон бо кӯдакони 5-7-солааш барои салқин шудан дар канори ҷӯй менишастанд. Кӯдакони шӯх бо ҳам бозӣ мекарданд. Модар бошад, бо телефони мобилӣ гуфтугӯ менамуд ва гоҳи дигар ба бозиҳои телефонӣ банд буд. Ҳатто ба бозию даву този кӯдакон диққат намедод.
Садои имдодталаби духтарчаи 5-солаи зан ӯро ба худ овард. “Додарчаам ба об афтид”, -мегуфт духтарак. Зан таваккалӣ худро ба оби ҷӯй андохт. Чанд тан роҳгузар занро аз об бароварданд. Ҷасади писарашро дертар ёфтанд. Хонандаи азиз, худ қазоват намо, ба ин нохушӣ баҳо бидеҳ.
Чи манзараҳои нохушу ғамангезе. Мутаассифона, чунин ҳодисаҳо дарди рӯз шудааст. Рӯзе нест, ки дар ҳини оббозӣ нафаре ғарқ нашаваду ҷасадеро наёбанд. Оре, ин дард аст, дарди бузург. Ба ҳамин хотир, дар ин навиштаҳо ҳоҷати рӯйи коғаз овардани шумораи ғарқшудагону фавтидагон, ному насаб, макони зисти онҳо, насиҳати ҷавонон, масъулияти оилаҳо, бетарафии ҷомеа нест.
Танҳо эҳтиёткору масъулиятшинос будан кофист. Дар ин росто таъкидан аз забони шоир мегӯем:
Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ,
Дар миёнаш ғарқ гардӣ, аз канор андеша кун.
С. АТТОР,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...