Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Норак. Дар шафати роҳҳо қуттиҳои пластикии тӯрӣ гузошта шуд


Норак. Дар шафати роҳҳо қуттиҳои пластикии тӯрӣ гузошта шуд



Мутахассисони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и шаҳри Норак дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта, барои ҷамъоварии партовҳои пластикӣ зарфҳои махсуси пластикӣ сохта, дар шафати роҳҳо насб намудаанд.


Айни замон дар ҳудуди шаҳр чор адад чунин зарфи партов гузошта шудааст. Дар оянда насби даҳҳо чу-
нин қуттиҳои пластикии тӯрӣ барои ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ пешбинӣ шудаанд.

Тибқи мушоҳидаҳо, бо насби чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳр зарфҳои истифодашудаи пластикӣ, ки қаблан қад-қади роҳ ва ҷӯйборҳо хеле зиёд ба назар мерасид, коҳиш ёфтааст.         

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода