Замин модархудои мост!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 418
Прокуратура вилояти Хатлон риоя ва иҷрои қонунгузории истифодаи замин аҳамияти хоса
медиҳад. Прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2023 вобаста ба
иҷрои талаботҳои қонунгузориҳои кишвар дар самти замин фаъо лиятро тақвият бахшиданд. Дар
ин давра аз ҷониби прокуророн ҳамагӣ 300 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки нисбати
ҳамин давраи соли гузашта 10 парвандаи ҷиноятӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, аз 300 парвандаи ҷиноятии оғозгардида, 45 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул оғоз карда шудааст, ки аз ин 21 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 5 адад нисбати кормандони шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, 4 адад нисбати кормандони кумитаи идораи замин, 4 адад нисбати корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳо, 2 адад нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 4 адад нисбати роҳбарони хоҷагиҳои
деҳқонӣ ва 4 адад нисбати дигар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Бо мақсади муайяну ошкорсозии қонунвайронкуниҳои замин, бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои алоҳида низ дар ин самт чораандешӣ намуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Чунончӣ, Иброҳимзода Амриддин Икромиддин, сокини ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати
шаҳраки “Сомониён”, аз апрели соли 2022
инҷониб дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Кӯшониён кор карда, бо роҳи қаллобӣ бо истифода аз ваколати мансабӣ ба ғайриқонунӣ додани замин даст задааст.
Чунончӣ, ӯ дидаю дониста, ки ҷудо намудани заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, соли 2020-2022 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Абдураҳимов А.М., Абдураҳимов А.А., Фатҳудинов И.М., Абдураҳимов М.М. ва Қаҳоров Н.Б. даромада, маблағи 30 ҳазор долари ИМА гирифтааст. Бар ивази он бо истифода аз ваколати мансабиаш барои қабули қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 4 декабри соли 2020 таҳти №1075 дар бораи ҷудо на-
мудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба онҳо
мусоидат намуда, ғайриқонунӣ масоҳати 3300
метри мураббаъ қитъаи замини наздиҳавлигӣ
ҷудо намудааст, ки аз он 506 метри мураббаъ
ба заминҳои корами обӣ мансуб мебошад.
Бо ин кирдорҳои қасдонаи худ Иброҳимзода
А.И. ба шаҳрвандон зарари махсусан калони
моддӣ расонидааст.
Бинобар ин, аз тарафи прокуратураи ви-
лояти Хатлон, санаи 15 июни соли 2023 нис
-
бати Иброҳимзода Амриддин Икромиддин
ва дигарон бо моддаҳои 247 қисми 4 банди
“б” ва 3381 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии
Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда
шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Ё ин, ки, Мирзохонов Ҷамшед Шомуродович, ҳангоми дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён фаъолият намуданаш аз ваколатҳои мансабиаш сӯистифода карда, дар давоми соли 2021 аз шарҳванд Толибоева Қурбонгул Қудратовна ҷиҳати ба 15
нафар шаҳрвандон додани қитъаи замин маблағи 160 000 сомонӣ гирифта, онро дар эҳтиёҷоташ харҷ карда, дар бораи додани қитъаи замин амалеро иҷро накардааст, ки дар натиҷа ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ рсонида шудааст.
Бо натиҷаи санҷиш аз ҷониби прокуратураи вилоят 13 июни соли равон нисбати Мирзохонов Ҷ.Ш. ва дигарон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонпарвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ бо он идома дорад.
Ҳамчунин, Саидов Одина Раҷабович,
ҳангоми дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти
“Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён фа-
ъолият карданаш, моҳи июни соли 2019
ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон майдони 0,36
га қитъаи замини корами обиро ҳамчун
наздиҳавлигӣ додааст.
Нисбати Саидов О.Р. аз ҷониби прокурату-
раи вилоят 13 июни соли 2023 бо моддаҳои
3381 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии
Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда
шуда, мавриди тафишоти пешакӣ қарор до-
рад.
Ҳамагӣ бо натиҷаи санҷиши қонунгузории
замин аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ
бо 97 санҷиши прокурорӣ ҷиҳати рафъи
қонуншиканиҳои ошкоргаштаи замин, унвонии
раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои
дахлдор 588 амр фиристонида, 293 пешниҳод
оварда, аз рӯи баррасии пешниҳодҳо 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 425 нафар
ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд. Барои бекор кардани санадҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ 577 эътирози прокурорӣ оварда шуда, нис бати шахсони гунаҳкор 1306 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 300 пар-
вандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз шумораи умумии 300-парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда 43 парвандаи ҷиноятӣ коррупсионӣ буда, 19 адади онҳо характери иқтисодӣ коррупсионидоштаро ташкил медиҳанд.
Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ
дар миқёси вилоят майдони 4346,8 га
қитъаҳои замини худсарона ғасбшуда ва
ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала бар-
гардонида шуда, истифодаи самаранок ва
қонунии он таъмин карда шудааст.
Муайян карда шуд, ки дар давраи
ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2023
аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вило-
ят ва шаҳру ноҳияҳо, бо натиҷаи омӯзиши
санадҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот,
хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамагӣ ба 577 қарори
ғайриқонунӣ қабулнамуда бобати истифода-
барии замин эътироз оварда шудааст. Аз ин
миқдор эътирозҳои овардашуда 225 ададаш
ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру
ноҳияҳо оид ба замин оварда шудаанд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои
қонунвайронкуниҳои замин дар ҳудуди вилоят айни ҳол тарғибу ташвиқот ҷоннок гардонида шудааст. Истифодаи самараноки замин ва риояи қонунгузориҳои амалкунандаи давлатдориҳои тоҷикон дар тӯли таърих ҳама вақт ба фарҳанги заминдорӣ, истифодаи босамари он ва риояи қонунҳо дар ин асос арҷи зиёде мегузошт, зеро замин дар ҳамаи давраҳо инсониятро хӯронда ва пӯшонидааст,бо иқтибосе аз ашъори яке аз шоирони тоҷик инҷо ба мақола ҳусни
анҷом мебахшам. “Замин модархудои
мост!”
З.Г. Қодирзода,
сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории
замини прокуратураи вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...