Як сол қабл оид ба тозагии кӯчаву
хиёбонҳои шаҳри Бохтар маводи таҳлилие дар
рӯзномаи “Хатлон” зери номи “Бемасъулиятӣ
муҳити зистро ифлос мекунад” нашр шуда
буд, ки дар он вазъи санитарӣ, камбудиҳои
мавҷуда, маданияти шаҳрнишинӣ, тавсияҳо
инъикос ёфта буданд. Аз нашри мавод як сол
гузашт, вале имрӯз ҳам мебинем, ки қариб дар
тамоми маҳаллаҳои шаҳри Бохтар партовҳо
берун аз қуттиҳои махсус ғарам шудаанд, ки
муҳити зистро ифлос мекунанд.
Чунин бесарусомонӣ дар маҳаллаи “Ваҳдат” мушоҳида шуда, аз зери биноҳо сар аз партов ҳастанд. Дар як майдони васеи кӯчаи “Кайҳоннавардон”, ки дар наздаш масҷид ва
ба истилоҳ майдончаи варзишӣ мавҷуд аст, ҳолати партовгоҳ бениҳоят дилгиркунанда мебошад. Кӯдакон дар назди он бозӣ мекунанд, ки бешак, ба саломатиашон зарар мерасонад.
Сокинони ин маҳалла иброз медоранд, ки аз
ифлосӣ кӯдаконашон бемор мешаванд. Ба
ҳамин монанд, дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”
партовҳо дар зери биноҳо, берун аз қуттиҳои
партов ва дар ҷӯйборҳо ҷамъ шудаанд.
Аз шикояти сокинон то “дар маҷлис будани масъулон”
Пирамарде, ки дар маҳаллаи ба номи Ну-
рулло Ҳувайдуллоев аз партовгоҳ партовҳои
меваю сабзавотро барои бӯй нагирифтан ҷамъ
мекард, иброз дошт, ки мардум қоидаҳои гигиениро риоя намекунанд. Ҳама гуна партовро берун аз қуттии партов мепартоянд ва ин боиси пайдо шудани бемориҳои гуногуни сироятӣ мегардад.
Дар маҳаллаи “Ваҳдат” чанд нафаре, ки
дар зери бино нишаста, сабти видеоии моро
назора мекарданд, қайд доштанд, ки масъулон барои ҷамъ кардани маблағ меоянд, вале партовгоҳҳоро сари вақт тоза намекунанд: “Ба
раиси маҳалла муроҷиат мекунем, ҳамеша
мегӯяд, ки ҳоло дар маҷлис ҳастам ва мушкилоти мардумро ҳал намекунад”. Зангҳои пайдарпайи мо барои пайдо кардани раиси Кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат” бенатиҷа анҷом ёфт.
Баъзе сокинони дигар изҳор доштанд, ки чанд
вақти охир маҳалла раис надорад.
Ҳамин тариқ, ба Ҳаким Ишмуродов, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи шаҳриБохтар, барои мусоидат муроҷиат намудем, кион низ бенатиҷа анҷомид. Ба зангҳои пайдарпайи мо, ки рӯзҳои 10 ва 11 июл буданд, “ҳоло дар маҷлис ҳастам” ҷавод дода мешуд. Оё ҳар рӯз маҷлис мешавад?
“Техника надорем”, мегӯянд масъулон
Тибқи маълумот, дар ҳудуди шаҳри Бохтар 56 нуқтаи партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки дар назди ҳар кадоми он шиору навиштаҷот бо мазмуни “Тибқи қарори маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар, реҷаи партофтани партовҳо аз тарафи шаҳрвандон аз соати 17:00 то 23:00 муқаррар шудааст” гузошта шудааст.
Аммо тибқи мушоҳидаҳо, сокинон вақти муайянгардидаро умуман риоя намекунанд ва
партовҳоро дар ҷойҳои номуайян мепартоянд.
Ҳамчунин, аксар маврид партовҳои худро ба
дасти кӯдакон барои партофтан равон мекунанд.
Муҳаммадшариф Сараев, директори Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар, зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки дар ихтиёрашон 19 техника барои кашондан ва ҷо ба ҷо кардани партов мавҷуд аст, ки аз ин танҳо 8 ададаш дарҳолати корӣ мебошаду халос. “Барои кашонидани партовҳо вақт намерасад.
Наметавонемсари вақт онҳоро холӣ кунем, зеро танҳо як мошини боркашамон кор мекунад. Ҳамчунин, дар ин мавсим партов зиёд мешавад. Пештар, 10 то 13 нуқтаи партовро дар як мошин ҷой мекардем, ҳоло бошад 2-3 қуттии партов як мошинро пур мекунад”, - илова намуд М. Сараев
зимини суҳбат.
Бояд қайд намуд, ки тибқи моддаи 451-и
Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоидаҳои тозагӣ ва тартибот дар маҳаллаҳои аҳолинишин ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 5 то 10, ба шахсони мансабдор аз 20 то 30 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
“КФД “Таъмиру истифодабарии иншоотҳои
манзилӣ” кори моро зиёд мекунад”
Дар вақти мушоҳидаҳо дар маҳаллаи
“Дӯстии халқҳо” кормандони КФД “Хоҷагии
коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар рӯ ба рӯ гардидем, ки аз ҳолати мавҷуда шикоят намуданд.
“Мо танҳо партовҳои маиширо аз нуқтаҳои партовпартоии расмӣ ҷамъ мекунем. Партовҳои
масолеҳи сохтмонӣ ва сабзаву алафҳои зиёдатӣ дар ваколати мо нест, аммо КФД “Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилӣ”-и шаҳри Бохтар вазифаи худро дуруст иҷро намекунад. Партовҳои худро дар нуқтаҳои мо мепартоянд ва кори мо дучанд зиёд мешавад”, - бо норозигӣ изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Барои дуруст пайхас намудани масъалаи
мазкур ба идораи КФД “ТИИМ”-и шаҳри Бохтар
рафтем. Аммо ҳар се маротиба дари Махфират Садирова, роҳбари корхонаро баста дидем ва кормандон гуфтанд, ки “роҳбарашон дар маҷлис аст”.
Вобаста ба мавзӯъ як корманди корхона изҳор дошт, ки ҳамарӯза вазифаи худашонро иҷро карда истодаанд ва дигар камбудиҳо ба дӯши КФД “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар мебошад. Аз посух додан ба дигар суолҳои мо худдорӣ намуд.
“Ман бе иҷозати роҳбар ягон сухан гуфта наметавонам”, - қайд кард ӯ.
«Айб дар ош аст ё дар мош?»
Сокинон шикоят мекунанд, ки масъулин сари вақт партовгоҳҳоро тоза намекунанд, аммо худ аз реҷаи вақти муайянгадидаи партовпартоӣ бехбаранд. Дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”, дар назди партовгоҳи калон, ки бӯйи ғализаш гирду атрофро фаро гирифта буд, бо зане вохӯрдем, ки шикоят аз бемаданиятии мардум кард. Мавсуф бо шарти зикр нашудани номаш изҳор дошт: “Ба деҳаҳо меравем, тозагиро мебинем, ҳавасамон мекунад. Аммо наход маданияти шаҳрдорӣ чунин бошад? Мардуми мо маданияти баланд нишон намедишанд ва дар куҷое, ки хоҳанд, партовҳоро мепартоянд”.
Дар ин самт нақши раисони маҳаллаҳо ҳам
бояд барҷаста бошад. Онҳо бояд бо мардуми
маҳал кор кунанд, дар ҳалли масъалаҳо фаъол бошанд, ташаббускорӣ нишон диҳанд.
Дар маҳаллаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев раиси маҳалларо дар ҳоли суҳбат бо сокинон пайдо намудем. Аммо ҳолати партовгоҳи ин нуқта низ хело бад буд. Маҳмадшоҳ Раупов, раиси Кумитаи маҳаллаи “Нурулло Ҳувайдуллоев” зимни суҳбат ба мо изҳор дошт, ки ба вазифаи раиси маҳалла
омаданаш чанд рӯз шуд. “Ҳамарӯза бо сокинон суҳбату вохӯрӣ мегузаронем. Муроҷиат кардем, омада партовгоҳро тоза мекунанд. Чанд рӯз пеш нуқтаи партовпартоиро бо хлор безарар намудем”, – илова кард М. Раупов.
Муҳитеро, ки мо дидем, ба гуфтаи раиси маҳалла дуруст намеомад, зеро то ба дараҷае бӯйи ғализ меомад, ҳатто навиштаҷоти огоҳикунандаи реҷаи вақти муайянгардида барои партофтани партов дар замин хобида буд. Баъзе сокинони дигар изҳор медоранд, ки масъулин барои ҷамъ кардани маблағ “шабу рӯз” меоянд, вале вазифаи худро ба таври бояд иҷро намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадшариф Сараев, директори КФД “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар, зимни суҳбат бо мо изҳор дошт: “Шаҳри Бохтар зиёда 130 ҳазор аҳолӣ дорад. - Аммо дар нақшаи мо 80 ҳазор навишта шудааст, ки аз ин як миқдораш дар хонаҳояшон нестанд ва мо пурра маблағро ҷамъ карда наметавонем. Ҳамчунин, нархи сӯзишворие, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои мо муайян
кардааст, 5 сомону 50 дирам аст, аммо имрӯз
нархи сӯзишвории дизелӣ 11 сомониро ташкил
медиҳад”.
Агар мардум масъулият ҳис карда, маданияти шаҳрдориро риоя кунанд, мушкилот бартараф мешавад. Зеро ҳолатҳоеро низ мушоҳида кардем, ки сокинон қуттии партови холиро нодида гирифта, дар замин партовҳои худро холӣ мекунанд.
Хулоса ё чанд тавсия
Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки ҳолати риоя гардидани қоидаҳои тозагӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар дар сатҳи паст қарор дошта, шаҳрвандон ва масъулин ба ин масъала ба таври ҷиддӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Барои хубтару беҳтар риоя гардидани қоидаҳои мазкур хуб мебуд, ки пайваста дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр рейдҳои доимамалкунанда ташкил карда шавад. Ҳар як раиси маҳалла ва масъулони биноҳои баландошёна дар рӯзи муайяни ҳафта шанбегӣ ташкил кунанд. Партовогоҳоеро, ки дар ҷойҳои камаҳолӣ гузоштаанд, ба ҷойҳои сераҳолӣ кӯчониданд. Ҳамчунин, волидон низ ба хотири ба дасти кӯдакон фиристодани партов ба партовгоҳ ҷаримабандӣ кунанд. Дар ҷойҳои серодам, боғҳо, кӯчаҳо, паҳлуи роҳҳои одамгузар ва ғайра қуттии партов гузоранд.
Риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳит вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, масъулияти баландро талаб мекунад.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”