Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Рақсҳои мардонаи Наврӯзӣ


Рақсҳои мардонаи Наврӯзӣ



Юрмонбозӣ

Юрмонбозӣ - рақси тақлидӣ, тасвиркунандаи ҳаракатҳои ҷонвари хоянда юрмон мебошад. Он ҳамчун рақси анъанавии мардона маъмул буда, дар рӯзҳои ид, тӯю сур ва маҳфилҳои мардумии кӯҳистон таҳти навозиши доира иҷро мегардад. Рақси юрмонбозӣ аз ҷиҳати мавзуъ, мазмун, табиату шаклу сохт рақси шӯх мебошад. Раққос дар вақти бозӣ бо ҳаракатҳои худ ҳолатҳои гуногуни юрмонро инъикос менамояд.

Ӯ бо нӯги ангуштон ва банди дастҳо, ҳаракатҳои китфҳо, ларзидани манаҳ, ҷунбиши пайкар, пойҳо ва ҳаракатҳои дигар рафтори юрмонро тақлид мекунад.

Рақс таҳти навозиши доира бо зарбу усули мусиқии 6/8 бо суръати тез иҷро мегардад. Дар рақси юрмонбозӣ иҷрокунанда шабеҳи юрмон усулу бозии гуногуни пойро истифода мекунад: дар як ҷой истода мерақсад; ба тарафи рост ва чап, ба самти пеш ва қафо ҳаракат мекунад; чарх мезанад; бо ду зону нишаста ҳаракатҳои гуногуни китфҳову дастон ва сару пайкарро иҷро менамояд.

Ӯ аввал бо пойи рост қадамро пеш мегузорад, нӯги пойи чапро аз қафо нимқат карда, боз бо пойи рост ба пеш қадам мегузорад. Баъдан бо пойи чап ин амалро такрор мекунад. Бо ин ҳаракат раққос дар як ҷо давр мезанад ва бо дастҳои кушод ба кунҷи саҳна меояд. Андак пайкарро пеш хам мекунад, ду дастро дар пеши худ ба якдигар наздик рост карда, кафи онҳоро мебардорад ва бо зарби доира дастону китфҳоро якҷоя меҷунбонад ва дар охир як бор чарх мезанад. Дар ин вақт сар ва манаҳи ӯ якҷоя ҳаракат мекунанд, сарро бо гардан рост гирифта, даҳонро кушода, манаҳро ин тараф он тараф меҷунбонад ва ин ҳаракат чанд бор такрор мешавад. Ду дастро пеши худ дошта, ба тарафи рост давр мезанад ва ба ҷойи худ бармегардад. Кафи дастонро мушт карда, ба миёнаш мегузорад ва боз андак ба пеш қадам мегузорад. 

Агарчанде ки баъзе пантомима ва рақсҳои инъикоскунандаи ҳаракатҳои ҷонварон дар шароити имрӯза аз байн рафта бошад ҳам, хушбахтона, рақси юрмонбозӣ то кунун дар баъзе минтақаҳои
кишвар вуҷуд дорад.

Чӯббозӣ

Чӯббозӣ рақси ҷанговаронаи мардона буда, онро як ё ду нафар иҷро менамоянд. Рақс лаҳзаҳои ҷанги сарбоз, шикор, мусобиқаи паҳлавониро таҷассум мекунад. Ба ин рақс ҳаракатҳои дасту бозу, гардишҳои ҷасурона, чархидани босуръат ва таваққуфҳои ногаҳонӣ хос мебошанд. Иҷрокунанда дар дасташ якто чӯби сахти тарошидашударо дошта, онро пушти камар моҳирона тоб медиҳад. 

Ӯ чӯбро дар дастонаш ба тарзи уфуқӣ дошта, бо пойҳояш пасу пеш қадам ниҳода, андаке ба самти чап ва сипас ба тарафи рост меравад. Чӯбро дар сари китф гузошта, дастонашро бо ду тараф кушода, чӯбро аз ду канорааш медорад ва дар ҳамин ҳолат чарх мезанад. Сипас, чӯбро ба тарзи амудӣ ба замин ниҳода, бо як даст онро дошта, гирди чӯб ба тарафи рост давр мезанад. Боз дастҳоро иваз карда, ба тарафи чап гирди чӯб мегардад. Чӯбро баъдан ба дастонаш бардошта, чор маротиба ба тарафи чап ва боз чор маротиба ба тарафи рост чарх мезанад.

Чӯббозӣ хоси мардуми кӯҳистон аст, зеро дар гузашта марди кӯҳистонӣ, вақте ки аз хона мебаромад, ҳатман бо худ чӯб ё таёқ мегирифт. Чӯбдастро ӯ ҳангоми дар пайраҳаи кӯҳӣ роҳ гаштан, гову гӯсфандонро рондан ва ҳамчун силоҳи одӣ барои муҳофизат аз ҷонварони ваҳшӣ истифода мекард.

Кордбозӣ

Кордбозӣ рақси қадимаи ҷанговаронаи мардони тоҷик мебошад. Онро одатан як нафар таҳти навозиши доира ё дастаи мутрибон дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ иҷро менамоянд. Раққос ду кордро ба дастонаш гирифта, бо онҳо чолокона ҳаракатҳои гуногуни рақсиро анҷом медиҳад. Иҷрокунанда дар ҷараёни рақс нӯги кордро гоҳ ба чашмонаш, гоҳ ба рухсораҳояш, гоҳ ба миёнаш ва дигар ҷойҳояш наздик мебарад.

Ҳаракатҳо чунон чолокона иҷро мегарданд, ки гӯё корд ба ҷойҳои гуногуни рухсора ва баданаш халида истодаанд. Раққос корд дар даст давраро чарх мезанад. Дар маъракаҳои мардумӣ баъди чархзанӣ ӯ дар як ҷо истода, кордҳоро ба нишони муайян
мепартофт.

Дар саҳнаи санъати касбӣ рақси “Кордбозӣ”-ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ӯ ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ, баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронаро иҷро намуда, ду кордро аз рӯймоли миён берун мекашид. Ӯ рақсида, саҳнаро давр мегашт, кордҳоро ба якдигар мезад, нӯги тези кордро дар пеши рӯй нигоҳ медошт, ду дастҳоро кушода чарх мерафт, кордҳоро ба нишон мепартофт ва ғайра.

Дар ин рақс иҷрокунанда нафақат бо корд бозӣ мекард, балки тамоми баданро ба ҳаракат медаровард. Ӯ бо маҳорати баланд ҳаракатҳои китфҳо, сару пайкар, зарби пой ва дастҳоро ҷасурона бо суръати тез иҷро мекард.

Таҳияи Ҳангомаи ИСМАТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода