Наврӯзи Хатлонзамин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 411
Фасли баҳор яке аз фаслҳои зебо ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳуриамон одату анъанаҳои гуногуни истиқбол ва таҷлили Наврӯз роиҷ аст.
Наврӯз дар водии Вахш бо шукӯҳу шаҳомат ва таровати хос таҷлил карда мешавад. Дар оғози ин ид мардум ободкориро оғоз карда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани он тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Мардум бо як хушнудӣ дастархони идона ороста, дар майдону намоишгоҳҳо базм меороянд.
Дар минтақаи водии Вахш бахшида ба фарорасии фасли баҳор - 1 март, ки аввалин рӯзи баҳор аст, гандум сабзонида мешавад. Онро майда карда, обашро меҷӯшонанд. Дар дохилаш 7 дона санг меандозанд, ки ин хусусияти хоси худро дорад. Ба гуфтаи кӯҳансолони ин минтақа, санг дар вақти хӯрдани суманак аз пеши касе барояд, орзу кунад, ба орзуҳояш мерасад. Суманакро дар давоми як шабонарӯз ҷӯшонида, ба ҳама медиҳанд, яъне тақсим кардани суманак аз омадани баҳори нав огоҳӣ медиҳад.
Наврӯз дар минтақаи Кӯлоб низ ба мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Албатта, ҳастанд баъзе аз хусусиятҳое, ки дар дигар минтақаҳои кишвар нестанд.
Тибқи маълумот, дар минтақаи Кӯлоб дар вақти таҷлили Наврӯз як анъанаи аҷибе доранд, ки онро мардум “Дарвешона” мегӯянд. Тибқи ин анъана мардум бо сатили об ба кӯҳ баромада, ба сарашон он обро мерезанд ва аз он ҷо то ба манзил медаванд.
Кӯдакон субҳи соли нав либосҳои нав пӯшида, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва хона ба хона гашта, туҳфаҳои идона мегиранд. Баъди ба анҷом расидани туҳфагирӣ, онҳо ба хонаҳояшон рафта, ҷашнгирии Наврӯзро интизор мешаванд.
Баъд аз тановули хӯрок дар идгоҳ базми идона ва маросимҳои гӯштингирӣ, ресмонкашӣ, тухмҷанг, хурӯсҷанг, буҷулбозӣ, чашмбандӣ, давидан ва дигар суннатҳо баргузор мегардад. Дар идгоҳ аз дигар деҳаҳои гирду атроф паҳлавонон ҷамъ омада, байни худ қувваозмоӣ мекунанд.
Нигора БОЗОРОВА,
коромӯзи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...