Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Шумори ҳалокшудагони тарма дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 17 нафар расид


Шумори ҳалокшудагони тарма дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 17 нафар расид




Бино ба тозатарин хабар, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ нашр кард, ҷасади як духтари ҷавон аз зери тарма дар ноҳияи Шуғнон берун оварда шуд. Бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағжиши тарма зарфи рӯзҳои охир ба 17 нафар расид.


13 нафар дар шаҳри Хоруғ ҷони худро аз даст доданд. 2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.


Дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ду духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, ҷустуҷӯ мешаванд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода