ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Мулоҳизаҳои мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 522
«Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ, моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аз давраҳои бостонӣ то кунун таҷлили иду ҷашнҳо ва маросими гуногун дар ҳаёти инсон нақши муассир дошта, ба ҷузъи муҳимми ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии онон мубаддал гаштааст. Иду ҷашнҳо дар доираи ин ё он миллат арзи вуҷуд намудаву шакл гирифта, дар раванди таърих қисме дар миёни ҳамон миллат боқӣ мондаанд ва бархе ба муҳити халқҳои дигар низ роҳ ёфтаанд.
Аз он ҷумла, ҷашни бостонии Наврӯзро, ки дар байни ориёиён, яъне меҳани аҷдодӣ ва марзу буми мо тавлид ва ташаккул ёфтааст, на танҳо мо – тоҷикон ба ҳайси меросбарони аслии Наврӯз ҷашн мегирем, балки онро мардумони дигар низ пазируфта, имрӯз чун иди худӣ таҷлил менамоянд.
Бояд гуфт, ки қатъи назар аз таблиғи шадиди мутаассибон ба муқобили арзишҳои фарҳанги бостонии тоҷикон ҷашни Наврӯз аз байн нарафт. Таҷлили он дар баъзе давраҳо мақоми расмӣ касб намуда буд (махсусан дар замони Сомониён) ва дар дигар марҳалаҳои таърихӣ ба таъқиб дучор омада, шукӯҳи он коҳиш меёфт, аммо ҳамеша дар байни мардум зинда буд. Аз ин, пеш аз ҳама, маросими мардумии наврӯзӣ (суманакпазӣ, гулгардонӣ, ҷуфтбаророн ва амсоли ин), чун иди сари сол таҷлили намудани он ва эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дар васфи Наврӯз дарак медиҳанд. Васфи Наврӯзу фасли баҳорро мо дар осори шоирони тоҷики ҳама қарнҳо – аз асри IX то асри XXI мушоҳида менамоем. Аз ин рӯ, мубаллиғони фарҳанги бегона, чи дар гузашта ва чи имрӯз, ҳарчанд бар зидди ин ҷашни миллӣ бадгуфторӣ мекунанд, аммо нобуд сохтани Наврӯз ба онҳо дар ҳеҷ давру замон муяссар нагардид ва нахоҳад шуд.
Бавижа, дар замони истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми расмӣ гирифтани ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, инчунин бо ташаббуси мамлакати мо ва ҳамдастии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 18 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми СММ қабул гардидани қатънома оид ба байналмилалӣ эълон шудани рӯзи 21 март ҷашни Наврӯзро ҷаҳониву ҷовидонӣ намуд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва пайвандии насли имрӯза бо асли ориёии хеш ҷашнҳои бостонии Сада ва Меҳргон эҳё шуда, таҷлили расмии онҳо ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.
Лозим ба таъкиди хос аст, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ин ҷашнҳои ориёӣ воқеан эҳё шуданд, яъне аз нав зинда гашта, дар ҷомеаи мо умри дубораи хешро ёфтанд. Дар ин маврид, вақте ки мо вожаву ибораҳое, ба монанди «эҳё» ва «умри дубора»-ро ба кор мебарем, омилу равандҳои таърихиро ба асос мегирем.
Агар таблиғгарони фарҳанги бегона ва ҳарифони арзишҳои ориёӣ ҷашни Наврӯзро натавонистанд ба куллӣ маҳв намоянд, вале зери таъсири тарғиби зиддимиллии онҳо ҷашнҳои Сада ва Меҳргон баъди қарни XI тадриҷан аз байн рафтанд. Васфи онҳо чи дар эҷодиёти шифоҳӣ ва чи дар адабиёти хаттӣ, баъди қарни XI қариб мушоҳида намешавад ва ё аҳёнан, аз ҷумла дар эҷодиёти чунин шоирони меҳанпарвари садаи XII, ба монанди Низомии Ганҷавӣ ва Хоқонии Шарвонӣ ба чашм мерасанду халос.
Вале дар асрҳои минбаъда дар назми классикии тоҷику форс анъанаи тавсифу тасвири ҷашни Сада, мутаассифона, аз байн рафт.
Ин аст, ки вақте мо мехоҳем дар бораи ҷашни Сада аз эҷодиёти адибони классики тоҷику форс мисоле занем, ғолибан аз ашъори Фирдавсӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Асҷадӣ, Низомӣ ё Хоқонӣ меорем, зеро намунаҳое аз асрҳои баъдӣ дар даст надорем.
Гузашта аз ин, назар ба натиҷагириҳои муҳаққиқон, коҳиш ёфтани мақоми ҷашни Сада аллакай аз замони Ғазнавиён оғоз шуда буд.
Аз он ҷумла, шарқшиноси машҳур Е.Э. Бертелс зимни таҳлили қасидаи Унсурӣ, ки матлаи он «Худойгоно, гуфтам, ки таҳният гӯям, Ба ҷашни деҳқоноин, ба зинати баҳман» аст, ба хулосае меояд, ки «дар аввали асри XI иди Садаро дар байни оммаҳои васеи эронизабон таҷлил менамуданд, вале дар дарбори султон Маҳмуд ҷашни мазкур аллакай манъ гардида буд».
Ба таъкиди адабиётшинос Аҳмад Абдуллоев, дар ин қасида «Унсурӣ барои дастгирии сиёсати султон Маҳмуд ошкоро Садаро – ҷашнеро, ки пештар худаш тавсиф намудааст, нораво ҳисобидааст. Чунин амалиёт барои гардонидани рӯҳи халқ аз оину одатҳои бостонӣ, хосса аз ҷашни Сада кӯшиши зарароваре буд. Вале чунонки мебинем, сабаби ин кӯшиш ба сиёсати мутаассибонаи соҳибҷоҳ алоқаманд аст».
Яъне, заминаи асосии васфи ҷашни Сада аз ҷониби Унсурӣ, ки дар шеъри дигари худ «Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст» гуфтааст ва инчунин шоирони дигари он давра, агар аз як тараф, ба арзишҳои бостонӣ эҳтироми беандоза доштани онҳо бошад, аз ҷониби дигар, ҳанӯз дар байни оммаҳои мардум ба таври васеъ таҷлил гардидани ҷашни мазкур будааст.
Вобаста ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада ба мо асосан маъхазҳои илмӣ ва адабии садаҳои X-XII – асарҳои Абурайҳони Берунӣ (“Осор-ул-боқия”, “Китоб-ут-тафҳим”), Умари Хайём («Наврӯзнома») ва “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ маълумот медиҳанд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» дар бораи моҳият ва маънои номи ҷашни Сада чунин маълумот медиҳад: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум, оташҳо зананд ба гавз ва бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лаҳву шодӣ кунанд. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб». Баъдан Берунӣ оид ба пайдоиши он ва «сабаби оташ кардан ва бардоштан» ривоятеро меорад, ки ба пирӯзии Фаридун бар Беварасп (Заҳҳок) ва аз марг халос кардани гурӯҳи бузурги одамон аз ҷониби Армоил – ошпази Заҳҳок вобаста аст.
Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ пайдоиши ҷашни Сада ба ривояти Заҳҳокро асир гирифтани Фаридун алоқаманд карда шудааст: «Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта мулк бар вай рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд».
Шоири маъруфи қарни XI Манучеҳрӣ ҷашни Садаро ба Каюмарсу Исфандиёр нисбат медиҳад:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарс ви-Сфандиёр бошад.
Унсурӣ ҷашни Садаро мерос аз Фаридун ва Ҷамшед медонад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
***
Ҷашни Сада ойини ҷаҳондор Фаридун,
Бар шоҳи ҷаҳондор фарӣ бод ҳумоюн.
Ривояти аз ҳама машҳурро дар хусуси пайдоиши ҷашни Сада, ки ба воқеият наздиктар аст, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, дар боби махсуси «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» нақл карда, зуҳури онро ба кашф гардидани оташ аз тарафи Ҳушанги пешдодӣ пайванд додааст:
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
Е.Э. Бертелс ахбори муаррих, шоир ва файласуфи тоҷику форс Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Мискавейҳро (932-1030) оид ба бурҷҳои азиме аз танаи дарахтон, ки дар замони Мардовиҷ ибни Зиёр (890-935) барои афрӯхтани гулханҳои бузурги ҷашни Сада сохта мешудаанд, оварда, чунин фарзияе пешниҳод менамояд: «Беихтиёр ба сар чунин андешае меояд, ки арчаи солинавӣ, ки дар Аврупо танҳо дар асри XVII пайдо шуда буд, оё акси садои дарахтҳои «фурӯзони» Мардовиҷ нестанд?».
Агар ин фарзияро ба эътибор гирем, пас чароғакҳои арчаи солинавӣ, ки имрӯз гузоштани он дар муҳити мо низ маъмул шудааст, реша дар оташи ҷашни бостонии Сада доштааст.
Чунонки тазаккур дода шуд, баъди қарнҳои XI-XII ҷашни Сада дар байни мардум дигар бо риояи анъанаҳои бостонӣ таҷлил намегардид. Танҳо бозмондаҳое аз он дар шакли ҷашни Ҳут дар байни сокинони ҳавзаи дарёи Хингоб ва ҷашни Хирпичор дар Бадахшон чун пайки баҳор ва оини «ҳарчи зудтар аз панҷаи зимистони қаҳратун раҳо шудан ва гузариш аз зимистон ба баҳор» қайд карда мешудааст. Бояд гуфт, ки моҳиятан Сада чун иди мавсимӣ бо табиат пайвандии ногусастанӣ дошта, гардиш ба сӯи баҳори нав, чунонки Манучеҳрӣ гуфтааст, талоя, яъне пешомади онро ифода менамояд:
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.
Тавре таъкид сохтем, ҷашни Сада баъди гузашти асрҳои зиёд дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гашт ва дар ҷомеаи мо умри дубора ёфт.
Аз ин рӯ, ҳамасола мувофиқи қонунгузории мамлакат, санаи 30 январ (яъне, даҳуми баҳманмоҳи тақвими хуршедӣ) ба таври расмӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуда, ба ин муносибат Роҳбари давлат аз соли 2018 инҷониб бо паёми шодбошӣ мардуми кишварро табрику таҳният мегӯянд.
Бо умри дубора ёфтани ҷашни Сада анъанаи тавсифу тасвири он дар назми муосири тоҷикӣ, аз он ҷумла дар эҷодиёти шоирони шинохтаи мо Гулназар, Муҳаммад Ғоиб, Саидалӣ Маъмур, Алимуҳаммад Муродӣ, Муҳтарам Ҳотам, Давлат Сафар, Рустам Ваҳҳобзода, Гурез Сафар, Озар, Файзи Ашӯр ва дигарон аз нав зинда гардид. Дар шеърҳои ин ва дигар шоирони муосири тоҷик дар баробари таъкиди решаҳои таърихии Сада, инчунин моҳияту мазмуни он бо воқеияти имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламон пайванд дода мешавад. Ба таври мисол, Озар мегӯяд:
Чист, эй дӯст, Сада?
Сада оғози яке соли пур аз иқбол аст.
Сада мероси Ҷаму Афредун,
Сада, ин Нораку Роғун,
Сада, ин партави хуршедии истиқлол аст!
Аз ин рӯ, ҳадафи шеърҳои ба ҷашни Сада бахшидаи шоирони муосири тоҷик, агар аз як тараф тавсифи ҷашни хусравони ориёӣ ва моҳияти табиии он бошад, аз ҷониби дигар, тарғибу ташвиқи хештаншиносии таърихиву фарҳангӣ буда, ба боло рафтани эҳсоси ватандӯстиву истиқлолхоҳӣ ва шаклгирии ҳувияти миллии тоҷикон таъсири мусбат мерасонад.
Дар маҷмуъ, вобаста ба аҳаммияти бузурги умри дубора ёфтани ҷашни куҳанбунёду ҳамешаҷавони Сада кулли ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзиро ин суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллат раҳнамоӣ менамоянд: «Қобили зикри хос аст, ки ҷашни Сада баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастиву ҳувияти мо – тоҷикон маҳсуб ёфта, гиромидошти он аз ҷумлаи роҳҳои муассири тақвияту густариши хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мебошад».
Масрур АБДУЛЛОЗОДА,
мушовири бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа
Бознашр аз АМИТ «Ховар»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00