Ташаккули ҳувияти миллии хонандагон дар мисоли ёдгории «Тахти Сангин»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 479
Дар замони муосир оид ба масъалаи донишомӯзӣ ва инкишофи илму маърифати насли наврас як изтиробе эҳсос карда мешавад. Ҳиссиёти масъулиятнокӣ ва фаъолнокии иҷтимоӣ барои рафтори худ дар байни қисми зиёди хонандагон, аз ҷумла хонандагони синфҳои 5-9 мушоҳида мешавад. Дар ҳама давру замонҳо масъалаи муҳими иҷтимоии хувияити миллии насли наврас ва ҷавон яке аз масъалаҳои мубрам ҳисобида мешуд. Шакл ва методҳои он имрӯз то андозае тағйир ёфта бошад ҳам, вале ҷавҳари асосии он ба монанди пештара боқӣ мондааст.
Педагогҳо, психологҳо, файласуфон ва олимони соҳаи педагогика, филология ва таърих дар бораи чӣ тавр ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас тибқи вазъияти замона ва рӯҳияи мардум фикру ақидаҳои мушаххас пешниҳод намуда, асарҳои мондагори илмӣ-адабӣ офаридаанд. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиде фароҳам омад, ки арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва таърихии халқи тоҷик ба таври амиқ ва ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гиранд. Вобаста ба ин миллати тоҷик муваффақ гардида истодааст, ки фарҳангу маданият ва таърихи қадимаи худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пояи таълиму тарбия андаке заиф гардида, одобу ахлоқи наврасону ҷавонон то андозае коста гардидааст.
Бо ҳамин сабаб ба таври мукаммал омӯхтани осори боқимондаи таърихӣ, анъанаҳои пешқадами халқи тоҷик, афкори педагогии гузаштагон, инчунин урфу одат, расму русум ва истифодаи самараноки онҳо дар тарбияи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас ва ҷавон метавонад боиси болоравии дараҷаи арзишҳои худшиносии миллӣ ва дар ин замина тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ гардад.
Дар осори мутафаккирони бузурги халқи тоҷик мо метавонем андешаҳои арзишманд ва созандаро дар бораи таълиму тарбия, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ахлоқ пайдо кунем. Олимон ва мутафаккирони давраҳои гуногуни таърихӣ, ки асарҳои аҳамияти ҷаҳонидоштаро эҷод мекунанд, мушкилоти таълиму тарбияи насли наврасро дар маркази таваҷҷуҳ қарор додаанд. Таҳлил ва ҷамъбасти онҳо сохтор ва мундариҷаи педагогикаро аз назари замон нишон медиҳанд. Омӯзиши таърихи халқ ва истифодаи он дар таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар самтҳои рушди системаи маорифи кишвар яке аз омилҳои муҳимтарин ба шумор меравад.
Дар китоби муқаддаси «Авесто» зикр ёфтааст, ки зардуштиён бояд насли наврасро аз хурсолӣ дар рӯҳияи илмдӯстӣ, поквиҷдонӣ, хоксорӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ягонагии қавлу амал, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ, эҳтироми калонсолон ва ғайра тарбия намоянд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки пайдоиши урфу одат ва анъанаҳои халқӣ ҳанӯз ба замони Зардушт рост меоянд. Зардуштиён сухани хуб ва муносибати хайрхоҳонаро беҳтарин сифати инсонӣ мепиндоштанд.
Тибқи таълимоти Зардушт барои инсони нек ва комил дар «Авасто» як қатор сифатҳо пешниҳод шудаанд:
1.Зардуштӣ бояд ҳамеша дар бораи ваъдаи додаи худ андеша карда, барои иҷрои он кушиш намояд.
2.Зардуштӣ сарфи назар аз мавҷудияти камбудию душвориҳо, бояд хонад ва дониш омӯзад.
3.Зардуштӣ бояд дорои се хусусияти ахлоқӣ: гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек бошад. Дини Зардушт ҳамчун ойини ақлу хирад, ойини некию ростӣ ва росткорӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст».
Яке аз ёдгориҳои бузургтарини давраи зардуштӣ, ки дар соҳили рости дарёи Вахш ҷойгир аст, ин ёдгории қадимаи Тахти Сангин мебошад, ки омӯзиш ва таълими моҳияти он ба насли наврас аҳамияти зиёди таълимию тарбиявӣ дорад.
Номанатсияи 2500-солагии шаҳри Тахти Сангин ба рӯйхати чорабиниҳои фарҳангии таҷлилии ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 ворид гаштааст. Ин пешниҳод аз ҷониби мамлакатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон сурат гирифт ва дар сессияи генералии 41-уми конференсияи ЮНЕСКО пазируфта шуд. Тахти Сангин ёдгории қадимаи асрҳои IV –III-и пеш аз мелод буда, инъикосгари ҳаёт ашрофзодагони ҳамон замон ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр мувофиқи услуби шаҳрсозии юнониён сохта шуда буд.
Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, Искандари Мақдунӣ дар сарзаминҳои забтнамудааш шаҳрҳо месохт ва дар номи онҳо Искандарияро илова мекард: Искандария дар Миср, Искандария Эсхата (Хуҷанди имрӯза).
Тахмин намудан мумкин аст, ки Тахти Сангин низ яке аз ин чунин шаҳрҳо мебошад. Бозёфти муҳиме, ки дар ин ҷо ба даст омадааст, ин Хазинаи Амударё, баъзан бо номи Хазинаи Окс ном гирифта мешавад, мебошад. Ин Хазина аз 1300 ашёи тилло ва нуқрагин иборат аст. Соли 1877 тоҷирони бухороӣ дар Қабодиён онро дастрас намуда, ба Ҳиндустон бурдаанд. Аз он ҷо англисҳо ба осорхонаи Лондон гирифта бурдаанд. Муҳаққиқи англис О. Далтон Хазинаро ба ҳафриёти шаҳри Тахти Сангин мансуб медонад. Инчунин, муаррих И. Пичкиян низ Хазинаи Амударёро ба ганҷинаи “Маъбуди Окс” мансуб медонад, ки дар асри IV - и пеш аз мелод сохта шуда, бахшиши одамон ба Худо - Окс маҳсуб мешуд. Айни ҳол, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи ин ганҷина нигоҳ дошта мешавад.
Дар раванди таълими фанни адабиёти тоҷик бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллии хонандагон ба онҳо супоришҳои инфиродӣ додан мувофиқи мақсад аст. Дар натиҷаи ин хонандагон метавонанд мустақилона оид ба мавзуи мазкур мавод ҷамъоварӣ намуда, дар дарс муҳокима намоянд. Ғайр аз ин, ташкил намудани саёҳати хонандагон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ натиҷаҳои мусбат хоҳад дод. Пеш аз саёҳат ба хонандагон саволҳо дода мешавад ва пас аз он таассуроти худро онҳо метавонанд ба таври хаттӣ пешниҳод намоянд.
Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик суннати риоя намудани анъанаҳои неки мардумӣ аст ва он ҷиҳати рушду такомул ва инкишофи одобу ахлоқи насли ҷавон хизмат мекунад. Расму ойин ва анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ доранд. Вазифаи аввалиндараҷаи мактаб ва маориф дар замони муосир омӯхтан ва ба шароити замона мувофиқ намудани расму ойин ва анъанаҳои пешқадами халқи тоҷик мебошад.
Ин масъулият дар назди оила ва аҳли ҷомеа низ гузошта шудааст, чунки дар дар шароити имрӯза талабот ба болоравии маънавиёт ва ахлоқ дар заминаи анъанаҳои халқӣ, урфу одат ва расму ойинҳои халқӣ бениҳоят зиёд гашта истодааст. Ғайр аз ин, агар анъанаҳои халқии имрӯза дар алоқамандии унсурҳои дигар бо мақсади тарбияи насли наврас истифода бурда шаванд, самаранокии бештаре дар шуди тарбияи миллӣ хоҳад дод. Ҳамин аст, ки ҳар халқу миллат маҳз тавассути суннат ва анъанаҳои пешқадамаш дар тамаддуни башарӣ муаррифӣ мегардад. Дар ин раванд тоҷикон низ дар тӯли асрҳо суннатҳо ва анъанаҳои худро нигоҳ доштаанд.
Инсонро шаклҳои қадимтарини маданият, ахлоқ ва ҷаҳонбинӣ маҳз омӯзиш, таҳқиқ ва пажӯҳиши анъанаҳои халқӣ, урфу одат метавонанд ошно гардонанд.
Шаҳлои Тоҳириён,
н.и.ф., мудири шуъбаи фанҳои филологияи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...