Бо ҷилваи «Камони Рустам» ва Рахш
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 721
Устод Ҳақназар Ғоиб дар шеъри муосири тоҷик аз чеҳраҳои шинохта ва маъруф аст. Офаридаҳои ӯ махсусияти худро дорад, як хусусияти равшан ва хосае, ки дар шеъри ӯ ба назар мерасад, муҳаббат ба миллат, таърихи миллат ва мардуми Тоҷикистон аст.
Вақте, ки шоир мехоҳад ин мафоҳимро ба таври хоса ғунҷоиш бидиҳад ва дар корҳои худ ба тасвир бигирад, пеш аз ҳама бояд ҳамин муҳаббат воқеӣ бошад ва аз меҳру ишқи ҳақиқӣ ба мардум, ба халқ, ба сарзамин, ба Ватан паём диҳад. Ва хушбахтӣ он аст, ки каломи устод Ҳақназар аз ҳамин муҳаббати воқеӣ, муҳаббате, ки дар Ватан реша дорад, сарчашма мегирад ва шеърҳои ӯро ҳамин муҳаббат ранг додааст.
Дар шеъри устод Ҳақназар Ғоиб хонандаро ба худ бисёр гарм медорад, ё мазлуб медорад, таърихнигорӣ аст.
Таърихнигорӣ дар шеър бисёр мушкил аст, ишорат кардан ба мафоҳими андак ба як таърих, ба таърихе, ки масалан дар гузашта аст ё имрӯза, худ истеъдод мехоҳад. Ва чи хуш аст, ки устод Ҳақназар Ғоиб аз ин истеъдод бархурдор аст.
Вақте ки ӯ ба мафоҳими таърихӣ рӯ меорад, воқеан бисёр шоирона ҳарф мезанад ва бо балоғат ва бо шерозаи зебою ба ҳам пайванд ҳолатҳои таърихиро дар шеър тасвир мекунад. Ва хонанда аз ин даста шеърҳои устод Ҳақназар Ғоиб ба ҷуз он ки аз таърих огоҳ мешавад, тарбияти маънавӣ, тарбияти сухан, тарбияти ишқ ба миллат ва ба ватанро ҳам мегирад.
Ва бояд арз дошт, ки аксари зиёди силсилаи рубоиҳои «Тоҷик, Сарбадор ва «Шоҳнома» дар ҳамин поя иншо шудаанд, ки ба ибораи шоир Парда Ҳабиб саҳифаи тоза дар адабиёти ҳазорсолаи мост. Шоир дар шеъри нимоии «Садои як рӯзу як шаб» бошад, дигар паҳлуи фалсафиро ҷо додааст. Ин фалсафаи бо томӣ фаро гирифтани умри инсон дар намоди як рӯзу як шаб аст, ки дар он ҳам рӯзҳои хуршедии Ориён, чун шукуфоии давлати Сомониён ғунҷоиш пайдо мекунаду ҳам шабҳои сиёҳу даҳшатзои муғулборони таърих. Ва ин фалсафа дар нигоҳи шоир дар як шаб ва дар як рӯз хулоса шудааст, ки «рӯз» рӯзҳои хушбахтӣ ва «шаб» зулмоти аҳримании ба сари ин миллат омадаро дарбар мегирад. Дар навбати худ дар он беинтиҳоии вақту замон низ нақш бастааст, ки оқибати ин фалсафа ба беинтиҳоии «ҳеҷият» мепайвандад.
Оре, оре!
Як шабу як рӯз будам.
Рӯз рӯзи ҳеҷии пур аз садо, пур аз сафо-
Беинтиҳо,
Шаб шаби як ҳеҷии дар ранг, дар ранги сиёҳ
Беинтиҳо.
Шоирони бисёр ҳам дар ин роҳ шеър мегӯянд, вале шеъре, ки воқеан дар осори устод Ҳақназар хонандаро ба худ ҷазб месозад, аз рӯиши истеъдоди хоса аст, истеъдоди шоирест, ки ба умқи маънӣ нигоҳ карданро омӯхтааст. Не, балки истеъдоди ба умқи маънӣ, ба мағзу моҳият назар карданро дорад. Ва чун Ҳақназар шеърро бо нигоҳи худ, бо сабки худ, аз таҷрибае, ки худ дар корҳои шеър андӯхта имтиҳон кардааст, мегӯяд, хонанда дар ин оина худро мебинад ва дар мавзӯъҳое, ки нисбати бедориву огоҳиву худшиносии миллат гуфта шудаанд, худро шарик медонад ва аз он ба таври лозимӣ истифода мекунад.
Ин ҷо барои намуна ман як ғазалро меорам, ки ғазал ҳам аз ҷиҳати тасвир пурбор асту ҳам аз назари баён ва ҳам аз ҷилваҳои маъноӣ метавон назари тозаеро дар он пайдо кард. Ин ғазал ҳам аз нигоҳи биниши шоирона ва ҳам нигоҳи дарунӣ ҷолиб аст ва дар ин шеър ӯ назари дақиқ дорад. Яъне, устод дар ғазал ҳам метавонад мазмунҳои иҷтимоиро бо суруди хубу зебо наққошӣ кунад. Ва барои таҳлили ҳамаҷиҳатаи ин ғазал фурсат танг аст, агар ин ғазал ба кӯтоҳӣ таҳлил бишавад, рангрезиҳои ҷолиби маънавӣ рӯи коғаз меоянд.
Шоир бурду бохти миллатро дар масири таърих дар ин ғазал бисёр зебо ранг мерезад:
Аспу қамчинам куҷою дашт кӯ?
Дашт монду аспу қамчинам намонд.
Аз камони Рустаму аз Рахши он,
Як дурахши тоҷи зарринам намонд.
Агар аз нигоҳи Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бубинем, ба хубӣ ба дарк мерасад, ки даштҳои сарзамини Ориён бо шаҳрҳои ободон паҳноҳои беканореро молик буданд.
Аз ин зовия нигаҳи мо гаҳе дар кӯчакиҳои марзҳои кунунии Ватан бархӯрд ҳосил мекунад, ки аз ин ҷо дардҳои давохоҳи шоир рӯ мезананд. Ба гумони мо авҷи ин дардҳоро ин байт ба дараҷаи интиҳои пур аз афсӯс мерасонад:
Зини аспам баъди Сӯҳробам шикаст,
Рафт аспи Хатлию зинам намонд.
Ин ҷо ибораҳои «Шикастани зини асп», аз даст рафтани «Аспи Хатлӣ», бе «Зин» мондан ҳамааш рамзӣ буда, маъноҳою ҳаводиси зиёдеро дар худ ғунҷоиш медиҳанд. Аз ҷумла, дар зери мавҳуми «шикастани зин» ҳодисаи бо дасти Рустам-падар – кушта шудани Сӯҳроб- писар пеши рӯ меояд. Бо «Аз даст рафтани аспи Хатлӣ» маҳрумияти миллат аз дороии молию маънавӣ ва аз даст рафтани марзҳои таърихӣ ба ёд меояд. Хулоса, дар зери ҳадафи ин нигошта, бардошт аз вуқуоти таърихӣ ва хулосаи мантиқӣ ҳосил кардан аз сабақҳои гузашта хуфтааст, ки натиҷааш кӯшиши ба бедорӣ расонидани миллат мебошад.
Ва муҳимтарин бардошт аз ин ғазал он аст, ки устод Ҳақназар моро таълим медиҳад, хатоҳо ва костагиҳое, ки дар таърих барои миллат пеш омадааст, набояд такрор шаванд ва он чиро ки мо дар ихтиёр дорем, бояд азиз дошта, бесабақиҳои таърихии худро ислоҳ намоем.
Ҳатто дар ин шеър як байти ишқӣ низ мазмуни умумии шеърро ба комилӣ мекашад. Лабшакарҳоям шакар дуздидаанд, Лаззате дар ҷони ширинам намонд.
Ин ҷо дар миёни мазмунҳои ғамангези таърихӣ бо ин байт лутфи ширини шоирона ҳамроҳ мешавад, ки идомабахши ҳолати таърихӣ дар рӯҳияи ишқӣ мегардад. Яъне, шоирро низ «Лабшакарҳо» ба ғорат бурдаанд, лутфи зебост.
Савол: Чиро? Ширинии шакари умаршонро, шириние, ки ба ҷавонӣ тааллуқ дорад ва дар ин маънӣ ҷавонии умри миллат низ гӯшзад мешавад.
Роҳхати устод Ҳақназар Ғоиб ба майдони адабиёт аз шеъри «Дил аз паси ту ман аз паси дил» оғоз шуд, ки он аввал дар рӯзномаи машҳури давр «Маориф ва маданият», баъдтар дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба чоп расидааст. Дар ин кӯшоиши эҷод Ҳақназар аввалин фотиҳаи шоириро аз устод Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Сайдалӣ Вализода ва Ашӯр Сафар гирифта, алъон худ ба дараҷаи устодӣ расидаву мактаби эҷодии хешро кушодааст. Аввалин саромадони ин мактаб шоирони шинохта Муҳаммад Ғоиб, Салими Хатлонӣ, Искандари Хатлонӣ, Абдуқодири Раҳим, Сафар Маҳмуд, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Наср Бобои Сарфароз ва дигарон мебошанд ва то имрӯз шогирдони зиёде дар ин мактаб аз паи кору фаъолияти эҷодӣ ҳастанд.
Устоди шеъри муосири тоҷик Ҳақназар Ғоиб ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ, ҳангоми дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил доштанаш дар олами шеър шинохта гардид. Он сон ки ишора рафт, аз ин солҳо сар карда, аввалин шеърҳои устод диққати шоирони он айём устодон Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мӯъмин Қаноат, Жола Бадеъ, Убайд Раҷаб дӯсташ Лоиқро ба худ ҷалб карда, баъдан яке аз муаллифони фаъоли маҷаллаи бонуфузи «Садои Шарқ» гардида, то имрӯз ба ин маҷалла ҳамкории эҷодӣ доранд.
Устоди зиндаёд Лоиқ солҳои сардабир буданашон дар ин маҷалла достони «Эҳёнома»-ро ба чоп расонда, ба нахустҷоизаи устод Мирзо Турсунзода пешниҳод карданд ва соли 1979 устод Ҳақназар аз нахустбарандагони ин ҷоиза шуд.
Яъне, роҳе, ки устод Ҳақназар дар ҷодаи эҷод паймудааст, роҳест, ки аз қадамҳои нахустин ҳамчун шоир аз назари устодон берун намондааст, онҳо истеъдоди ӯро на танҳо эътироф кардаанд, балки кӯшидаанд, ки ӯро дар ин роҳ дастгир ҳам бошанд.
Ва имрӯз агар устод дар ин ҷода комёб шуда бошад, ин пеш аз ҳама, комёбии устодонест, ки ғамхориҳояшонро аз Ҳақназар ҳеҷ гоҳ дареғ надоштаанд ва худ Ҳақназар аз ин бузургон эҳтиром қоил аст.
Яъне, дар шеъри имрӯз ба дараҷаи устодӣ расидани Ҳақназар давоми умри маънавии устодонест, ки истеъдоди ӯро шинохтаанд ва дар раҳи камолот фотеҳаи нек додаанд.
Ин ҷо муносиб медонам, ки суханҳои Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дӯсти қадрдон, сардабири маҷаллаи «Садои шарқ» Ҷонибеки Акобирро, ба ёд биорам. (Мазмунан):
«Ман бо устоди шеър Ҳақназар Ғоиб солҳои дароз аст, ки шиносоӣ дорам -ҳам ба шахсияти шоир ва ҳам ба шеъри ӯ ва албатта чизе, ки ман дар хусуси шеъри ӯ гуфта метавонам дар ин гуфтугӯи мухтасар баён намешавад. Барои ман муҳим аст, ки шоир Ҳақназар Ғоиб аз ҷумлаи шоиронест, ки дарунмояи шеъраш на фақат аз шеъри ақлӣ ва нақлӣ иборат аст, балки шеърест, ки аз эҳсос ва фитрати азалии шоирона сар мезанад, ки ба ҳар як шоир ин чиз даст намедиҳад. Танҳо ба касоне даст медиҳад, ки воқеан шоиранд ва зеҳн ва бунёди инсонро бисёр хуб ташхис карда метавонанд. Ва ба ҳодисаҳои ҷаҳон ҳамчун шоиру ҳамчун офаранда сару кор доранд.
Шоироне ҳастанд, ки танҳо аз рӯи биниши ақлӣ менависанд ва шоироне ҳастанд, ки танҳо ба эҳсос дода мешаванд, яъне ҷузъиётро аз рӯи фаҳмиши ақл ё эҳсос тафсир ё таъбир мекунанд. Аммо шоироне, ки ин ҳар ду навъ-ҳам мавҷи эҳсос ва ҳам шууру ақлро ба ҳам даромехта, мавзуъро ба тасвир мегиранд, кам ҳастанд, мисли устод Ҳақназар.
Устод Ҳақназар Ғоиб хонандаи моро бо шеърҳои шӯридаю инсондӯстона метавонад раҳнамо бошад. Шеърҳои ӯ дарунмояи амиқи ваҳдатпазирӣ доранд. Таърих дар онҳо барои таърих не, барои инсон ва ояндаи дурахшони миллат баён карда мешавад».
Ана ҳамин аст шарафи фарзандӣ ва бунёдгузории фардои шеъри тоҷик чун устод Ҳақназар Ғоиб, ки бо заҳмати беш аз 50-солаи хеш, бо баёни шеъру достонҳои меҳанпарастона дар пешрафту беҳрӯзию пирӯзии Ватани азизаш камар ба сухан баста, осори гаронбаҳояш дар худогоҳӣ, дар хештаншиносии ҷомеаи имрӯз саҳм мегузорад. Ӯ ҳамчун як муаллим ва мубаллиғ бо ашъори писандида дар рушду нумуи шеър, дар даврабандии адабиёти давр хизмати шоистае кардааст».
Муҳаммадалии Аҷамӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00