Бемасъулиятӣ муҳити зистро ифлос мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 038
Тоза нигоҳ доштани муҳити зист, аз ҷумла ҷойҳои ҷамъиятӣ хело муҳим буда, барои ҳифзи саломатии инсон пураҳамият аст. Ҳамчунин, тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ба шаҳру кӯчаҳо зебу зиннат медиҳад. Вале имрӯз ҳолати нигаронкунанда ин аст, ки дар қимате аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар ифлосиҳо хело зиёд ба чашм мерасанд. Чаро дар ин самт шаҳрвандон чаро масъулият ҳис намекунанд? Фаъолияти корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва “Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилии шаҳри Бохтар” то кадом андоза ба талабот ҷавобгӯ аст? Риоя гардидани тозагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то кадом андоза назорат карда мешавад? Шаҳрвандон киро айбдор меҳисобанд? Масъулин чӣ мегӯянд?
Бо дарназардошти ҳолати риояи тозагии шаҳр аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар дидан намудем. Бесарусомонӣ дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” мушоҳида шуда, аз зери биноҳо сар карда то дохили ҷӯйбору ҷойҳои ҷамъиятӣ пур аз партов ҳастанд. Дар кӯчаи С. Раҳимови маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” партовҳо дар зери биноҳо, берун аз қуттиҳои партов ва дар ҷӯйборҳо ҷамъ шудаанд, ки ба саломатии инсон зиёни калон доранд. Дар назди бинои 11А - и маҳаллаи мазкур чандто қуттии партов гузошта шудааст, ки қариб ҳамаашон холӣ мебошанд, вале наздашон аз партовҳои зиёд пур шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар назди ин биноҳо то ба ҳадде шароит барои бозиҳои кӯдакон фароҳам оварда шудааст ва ҳамарӯза дар ин ҷо кӯдакон бозӣ мекунанд. Баъзе шаҳрвандон иброз медоранд, ки масъулин ин қуттиҳоро дер-дер холӣ мекунанд, вале аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар ин ҷо шаҳрвандон бештар бемасъулият ҳастанд, ки партовро берун аз қуттии он мепартоянд.
Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар назди нуқтаҳои партов навиштаҷоти огоҳикунонӣ насб шудааст, ки аксарияташон аз беназоратӣ ба замин хобидаанд.
Ба ғайр аз ҳолати болозикр, дар ин маҳалла чандин ҷойҳое низ ҳастанд, ки ҳолати мазкур дар онҳо дида мешавад. Дар дигар минтақаи ин маҳалла ду нуқтаи партовгоҳи калон мавҷуд аст, ки дар онҳо ҳатто қуттии партов нест. Аз ин бар меояд, ки нуқтаҳои мазкур ғайрирасмӣ буда, шаҳрвандон худсарона он ҷо партовгоҳ ташкил карданд ва масъулин ба онҳо аҳамият намедиҳанд.
“Мо танҳо партовгоҳҳои расмиро тоза мекунем”
Носир Раҳимов, сармуҳандиси корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар чунин иброз медорад: “Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Бохтар 56 нуқтаи расмии партовгоҳ мавҷуд аст, ки онҳо ҳамарӯза аз ҷониби кормандони мо холӣ карда мешаванд.
Вале аксар маврид шаҳрвандон бемасъулиятӣ карда, партовҳои худро ба дасти кӯдакон равон мекунанд, ки дар натиҷа онҳо берун аз қуттиҳои партов партофта мешаванд. Ҳамчунин, тоза кардани ҷӯйборҳои маҳаллаҳо ва зери биноҳо дар ваколати мо набуда, онҳоро бояд пайваста КФД «Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилӣ»-и шаҳри Бохтар назорат кунад. Мо танҳо партовгоҳҳои расмиро тоза мекунему халос”.
Пӯшида нест, ки ҳар як корхонаву ниҳодҳои вазифадор дар ин ҳолат худро аз вазъият бароварданӣ мешаванд. Дар ин маврид киро вазифадору масъул бояд донист? Имрӯз биноҳои наве, ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар сохта шуда истодаанд, барои зиндагии мардум хубӣ меоранд, вале масъулини сохтмони он дар вақти лоиҳакашӣ, баъзе ҳолатҳоро ба инобат намегиранд. Аксар маврид ҳолатҳое мешавад, ки оби қубурҳои зеризаминӣ дар роҳраву роҳҳои мошингард ҷорӣ шуда, ба тартиботи экологӣ халал ворид мекунанд. Махфират Садирова, директори КФД «Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилӣ»-и шаҳри Бохтар қайд медорад, ки аксар маврид ҳолати вайронкунии шабакаҳои обрасонӣ аз ҷониби масъулини сохтмони биноҳои нав ба чашм мерасад.
Дар ин баробар мо аз масъулин дар бораи партовҳои маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” чандин суол додем. Қариб, ки ҳамаи масъулин такя бар бехабарӣ зада, гӯё ки ягон маротиба ҳолати партовҳои маҳаллаи мазкурро надида бошанд (нигаред ба аксҳо). Ҳар кадоме баҳонае пеш оварда, аз мавзӯъ канора мегирад.
“Ваколатҳои мо маҳдуд аст ...”
Махфират Садирова, директори КФД «Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилӣ»-и шаҳри Бохтар, хилофи гуфтаи Носир Раҳимов ва бо норозигӣ қайд медорад, ки танҳо ваколати биноҳои куҳна ба уҳдаи мо асту халос: “Имрӯз мардум дар зери биноҳо, дохили ҷӯйборҳо ва дигар ҷойҳои ғайрирасмӣ партов мепартоянд, вале масъулияти тоза кардани онҳо ба дӯши мо нест. Ҳамчунин, кормандони мо ҳамарӯза вазифаи худро бомасъулона ба анҷом мерасонанд, вале сокинон дидаю дониста тозагиро риоя намекунанд. Ба мо ваколате надоданд, ки онҳоро ҷаримабандӣ кунем ва ё аз болояшон шикоят кунем. Аз ин рӯ, мо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мактуб кардем, то ба мо баъзе ваколатҳо ва уҳдадориҳои биноҳои навро диҳанд ва барои хулосаи баъзе масъалаҳо корхонаи моро низ ба ҳайати комиссия шомил кунанд”.
Дар ин хусус, Шералӣ Тулфорзода, сардори шуъбаи мониторинг ва сиёсати экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ишора ба дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон намуда, аз корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботии хеш дар байни мардум ёдовар гардид. Номбурда қайд дошт, ки мувофиқи барномаи давлатӣ дар соли равон аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зист 256 барномаи телевизионӣ, 112 барномаи радиоӣ, 74 мақола дар рӯзномаву маҷаллаҳо, 1384 маротиба вохӯрӣ бо мардум ташкил ва гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 17,8% зиёд мебошад.
Масъулин аз савол мегурезанд?
“Тозагӣ-гаравӣ саломатӣ”, гуфтаанд, вале мо ғуломи ифлосӣ шудаем. Бешак, ҳамаи мо медонем, ки ифлосӣ боис мешавад, ки дар ҷомеа бемориҳои сироятӣ инкишоф меёбанд.
Дар ин маврид мутахассисон низ тозагиро яке аз омилҳои солимии ҷомеа медонанд. Аммо масъулини соҳа дар ин маврид аз саволҳои мо мегурезанд. Чаро? Бо мақсади гирифтани маълумоти мушаххас ва пешниҳод намудани он ба аудитория, се маротиба ба бахши беҳдошти коммуналии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар муроҷиат намудем, вале дар ҳар се маврид ҳам саволҳо посухи худро пайдо накарданд. То имрӯз чанд маротиба ва дар кадом партовгоҳҳо баъди тоза кардан, бо хлор ва ё дигар маҳлулҳои безараргардонӣ нуқтаҳои мазкур тоза карда шудаанд?
Шералӣ Тулфорзода, сардори шуъбаи мониторинг ва сиёсати экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, қайд медорад: “Дар панҷ моҳи охири соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаи мо 1404 нафар ҷаримабандӣ карда шуда, маблағи умумии ҷарима ба буҷаи давлат ворид карда шудааст”.
Дар баробари риоя нагардидани қоидаҳои тозагӣ дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”, инчунин, дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, аз қабили кӯчаи ба номи Норинов-6, назди биноҳои баландошёна, ки пайваста кӯдакон онҷо бозӣ мекунанд, ба партовгоҳ мубаддал гаштааст, ки ин хилофи риояи гигиена аст. Ҳамчунин, ҳолати мазкур дар маҳаллаи “Сарчашма”-и шаҳри Бохтар ба назар мерасад, ки аз роҳи мошингард сар карда, то замини киштзору назди биноҳо пур аз партов ҳастанд.
Чанд тавсия ё андешаи муаллиф
Аз маълумотҳои бадастомада маълум мегарад, ки ҳолати риоя гардидани қоидаҳои тозагӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар дар сатҳи паст қарор дошта, шаҳрвандон ва масъулин ба инмасъала ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Барои хубтару беҳтар риоя гардидани қоидаи мазкур хуб мебуд, ки пайваста дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр рейдҳои доимамалкунанда ташкил карда шавад. Ҳар як раисони маҳаллаҳо ва масъулони биноҳои баландошёна муваззаф бошанд, дар рӯзи муайяни ҳафта шанбегиҳо ташкил кунанд.
Партовгоҳҳое, ки дар ҷойҳои камаҳолӣ гузошта шудаанд, ба ҷойҳои сераҳолӣ кӯчонида шаванд. Ҳамчунин, волидон низ ба хотири ба дасти кӯдакон фиристодани партов ба партовгоҳ ҷаримабандӣ карда шаванд. Дар ҷойҳои серодам, боғҳо, кӯчаҳо, паҳлуи роҳҳои одамгузар ва ғайра қуттии партов гузошта шавад.
Дар ин баробар, риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳит вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, аз мо масъулияти баландро талаб мекунад. Дар ин роҳ бояд мо бетараф набошем ва пайваста кӯшиш кунем, ки шаҳри худро тоза нигоҳ дорем.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...