Имтиёзҳои роҳи оҳан ба содироткунандагон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 655
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ аз истгоҳи роҳи оҳани вилояти Хатлон дидан карда, ба масъулин бобати босифат ва саривақт бандубаст кардани пиёз ва дар муҳлати пешбинишуда ба ҷойи лозимӣ расонидани маҳсулот маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар роҳи оҳани вилояти Хатлон бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз чораандешӣ шуда, соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳо маҳсулоти ниёзи аввал - пиёзи барвақтиро ба Қазоқистону Россия мебаранд.
Қайд гардид, ки барои ҳавасмандии соҳибкорон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст ва онҳо метавонанд дар доираи иҷрои фаъолияти якҷоя ва ҳамкориҳои судманд корро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд. То ба имрӯз мувофиқи маълумоти масъулин, 2 ҳазору 700 тонна пиёзи хушсифат аз истгоҳҳои роҳи оҳан ба дигар давлатҳо содирот шудааст ва ин рақам рӯ ба афзоиш дорад.
Таъкид гардид, ки масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзро ба роҳ мемонанд, бояд ба сифати банду баст ва беҳдошти маҳсулот диққати аввалиндараҷа равона кунанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/