Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Дар Левакант 5 ҳазор ниҳол шинониданд


Дар Левакант 5 ҳазор ниҳол шинониданд



Имсол дар шаҳри Левакант шинонидани 9 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва даҳҳо ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла садбарг ва лола ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант хабар доданд, мавсими сабзазоркунӣ дар шаҳри Левакант бомаром идома дошта, ин навбат ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд, ки дар он кормандони тамоми ташкилоту идораҳои шаҳр фаъолона ширкат намуданд. Дар ҳудуди шаҳри Левакант хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ фаъолият мекунанд, ки баробари таъмини талаботи шаҳр ҳамзамон барои ба дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дастрас гардидани ниҳолҳои гуногун дар мавсими сабзазоркунӣ мусоидат менамоянд.

Дар иқдоми навбатии экологӣ 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони хушсифати ҳамешасабзу ороишӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода